Jump to content

Масъудбег Масъуди Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масъудбег Масъуди Бухороӣ

Масъудбек Масъуди Бухороӣ (форсӣ: مسعود بیگ مسعود بخارایی‎; ? — қарни XIV) — ориф, шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз мардум рустои Беки тавобеъи Бухоро буд. Вай солҳо дар Мовароуннаҳр ҳукумат кард ва муддатҳо низ ба касби илм пардохт. Саранҷом, пас аз муддате саёҳат, ба Деҳлӣ рафт ва аз муридони орифи машҳур Насируддин Чироғи Деҳлӣ шуд ва муддате дар хонақоҳи ӯ риёзат кашид[1].

Аз осори вай: «Нуру-л-ъуюн», «Умму-л-сафоеҳ», «Миръоту-л-орифин»[2] дар назму наср ба форсӣ.

  1. مسعود بیگ مسعود بخارایی. rasekhoon.net. 4 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. موسسه پژوهشی حکمت و فلسفه ایران. مرآت‌العارفین(форсӣ). موسسه پژوهشی حکمت و فلسفه ایران. 4 апрели 2024 санҷида шуд.