Масъуд Масеҳи Кошонӣ
форсӣ: مسعود مسیح کاشانی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | форсӣ: مسعود بن علی کاشانی |
Таърихи таваллуд: | 1577 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1656 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, пизишк |
Забони осор: | форсӣ |
Рукнуддин Масъуд ибни Алӣ Кошонӣ (форсӣ: رکنالدین مسعود بن علی کاشانی), мутахаллис ба Масеҳ (форсӣ: مسیح), машҳур ба Ҳаким Рукно (форсӣ: حکیم رکنا; 1577, Кошон, Устони Исфаҳон — 1656, Кошон, Устони Исфаҳон) — пизишк ва шоири форс-тоҷики давраи Сафавӣ ва аз шоирони дарбори Муғулони Ҳинд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рукнуддин Масъуд ибни Алӣ Кошонӣ дар соли 1577 дар Кошон зода шуд. Хонадонаш аз табибони саршинос буданд, падараш Низомуддин Алӣ дар аҳди подшоҳии Таҳмосби Сафавӣ се сол табиби девонӣ буд ва пас аз он дар даврони Шоҳ Муҳаммади Худобанда низ ба пешаи табибӣ машғул буд. Рукнуддин Масъуд аз оғози ҷавонӣ ба тиб ва шоирӣ гаравид ва дар ин ду пеша шуҳрат ёфт. Ба хидмати Аббоси Якум пазируфта шуд ва дар дарбори ӯ «камоли қурб ва нисбат ба ҳам расонид, чунон-ки аз касрати тақарруб дар сафар ва ҳазар ҳамеша дар ракиби давлат ва саодат ба сар дар хидмат меистод.» Фахруззамонии Қазвинӣ, ҷавонии ӯро ҳамроҳ бо «бодагусорӣ ва бепарвоӣ» тавсиф кардааст.
Кошонӣ ба Ҳинд муҳоҷират кард. Дар Огро ӯ ба ёрии Мирзо Ҷаъфари Осифхон ба ҳузури Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Муддате баъд ба Иллоҳобод сафар кард ва дар шумори дарбориёни Шоҳзода Салим даромад ва бо ӯ ба Огро баргашт, «лекин дар он ҷо намонд ва аз он ҷо ба Дакан сафар гузид.» Дар Голконда дар хидмати Муҳаммадқули Қутбшоҳ гузаронд, аз он ҷо ба Бижопур рафт ва назди Одилшоҳиён мақом ёфт. Пас аз ин интиқолҳо, ӯ ба Огро баргашт ва аз ҳудуди соли 1614 дар мулозимати Замонабеги Муҳобатхон буд.
Дар соли 1630 ба қасди зиёрати Машҳад ва ҳаҷ аз Ҳинд берун шуд, дар ин сафар ба Машҳад, Кошон, Исфаҳон ва Шероз даромад, сипас сокини зодгоҳаш шуд то ин ки дар соли 1656 даргузашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- امیرعلی آذرطلعت (۱۳۷۸). شرح احوال، بررسی آثار و گزیدهٔ اشعار مسیح کاشانی (حکیم رکنا). سروش. شابک ۹۶۴۴۳۵۰۲۷۸.