Масҷиди Сангин
Масҷиди Сангин — ёдгории меъмории асрҳои VII-VIII- и Ҳисор. Бунёд ва қисми поёнии девор аз санги сурхи маҳаллӣ бино ёфта, дар сохтмони деворҳо, гумбазҳо, равоқҳо ва тоқҳо хишти пухтаи мустаъмали реза истифода гардидааст. Масҷид таъмири дутарафаи Г.- шаклест, ки тибқи анъанаи масҷиди гузар бино гардидааст. Дар маркази иморат толори мураббаи гумбаздор ҷойгир аст, ки тавассути тобадонҳои устувона ва болои дарҳои даромад равшан мегардад. Деворҳои толор бо тоқҳои пайконшакл оро ёфтаанд, ки тоқи умқии ғарб меҳроби мунаққаш дорад ва ҳамчунин ду меҳроби дигар намои шарқиро зинат додаанд. Айвонҳои гумбазини гирдшакли равоқдор ба шаҳсутунҳо ва шарфаҳо такя додаанд. Айвонҳои мусалсал бо панҷ гумбаз пӯшонида шудаанд. Масчид хеле одист ва ороишоти назаррасе надорад, вале дар он ҳам хусусиятҳои санъати меъмории монументалӣ таҷассум ёфтаанд ва дар қораи Осиёи Миёна ёдгории қадимтарин ба ҳисоб меравад. Масҷид дар муҳофизати давлат мебошад. [1]
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 359