Jump to content

Матин Ҳусейнзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Матин Шарифович Ҳусейнзода (Matin Sharifovich Huseynzoda) (28.02.1939, шаҳри Тошканд – 23.03. 2004, Душанбе), шарқшиноси тоҷик, доктори илми филология (2000), профессор (2002), мудири кафедраи филологияи араб (1987-2004). Бо ордени «Шараф» (1999) қадр гардидааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Матин Шарифович Ҳусейнзода 28 феврали соли 1939 дар оилаи донишманди тоҷик, олим, омӯзгор, мунаққид, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода [1] (1904-1988) дар шаҳри Тошканд таваллуд шудааст. Mодари Матин Шарифович Ҳусейнзода Замира Аминова аст. Маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби миёнаи N20 шаҳри Душанбе гирифтааст (1957). Матин Шарифович Ҳусейнзода соли 1964 факултаи шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро (ҳоло Санкт-Петербург) ба итмом расонда, дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ ва котиби илмӣ кор кардааст. Аз соли 1971 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин фаъолияташро идома дод, вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи филологияи арабро адо намуд. Аз соли 1987 то поёни умр мудири ҳамин кафедра буд[1][2](пайванди дастнорас) . Дар конфронсҳои умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудааст. Дар мамлакатҳои араб Ироқ, Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон хидмат кардааст. Таърихи адабиёти арабро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба адабиёти асримиёнагии он таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст. Ба масъалаи сарчашмашиносии шарқӣ ҳам аҳамият додааст. Теъдоди таълифоташ ба ҳафтод мерасад. Устод Матин Шарифович Ҳусейнзода 23 марти 2004 дар Душанбе даргузашт.

Осор бо забони русӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Изображение крестьянской жизни в литературе Египта: Автореферат дис. на соискание ученой степени кандидата филологических наук, М., 1967 [3]
  • Феллах в литературе Египта. Д, 1974 [4]
  • Проблема жанра и историзма в средневековой арабской биографии: Дисс. доктора филол. наук. – Д., 2000 [5](пайванди дастнорас)
  • Арабская средневековая литература. Жанр биографий. Д., 2002.[2]
  1. Музаффар Мунавварзод.“Железный Матин”…Памяти выдающегося таджикского востоковеда Матина Хусейнзода. "Азия-плюс". - Душанбе. - 2019, 28 февраля.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Д., 2017. – с. 655
  • Олимони донишгоҳ, Д, 1998, c. 295-296
  • Энсиклопедияи олимони донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Д, 2008, с.354-355