Матлуба Бердиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Матлуба Бердиева
Матлуба Расуловна Бердиева
Таърихи таваллуд 23 январ 1948(1948-01-23) (76 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ

Матлуба Расуловна Бердиева (23.01.1948, гуз. Қӯшҳавзи ш. Самарқанд) — пизишк, омӯзгор. Пизишки тахассуси олӣ (аз соли 1995). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» (2006).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи тиббии Университети давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1971). Фаъолияти кориаш аз мудири. Лабор. беморхонаи вилоятии ш. Самарқанд оғоз ёфтааст (1971–74). С. 1974 ба Душанбе омада, мудири Лабор. ташхиси беморхонаи № 5 (1974–90), мудири Лабор. ташхиси беморхонаи ш.-рии № 3 шуда кор кардааст (1990–2016). Ҳамзамон аз соли 1981 – сармутах. хадамоти Лабор. ташхиси Ваз. нигаҳдории тандурустии ҶТ ва аз соли 1999 – муаллими ДТБКТТ будааст. Аз с. 2016 – омӯзгори каф. тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино. Таъсисдиҳандаи Лабор. ташхиси клиникӣ-биохимиявии беморхонаҳои № 3, № 5 ва беморхонаи наркологӣ аст. Соли 2017 бо ибтикори ӯ ва бо кумаки ҳукумати Олмон Референт Лаборанти, Маркази назорати сифати ташхиси лабораторӣ кушода шуда, роҳбари он таъйин гардидааст. Хидматҳояш бо чандин Ифтихорномаи Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6