Jump to content

Мақбараи Лангари Бобо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

МАҚБАРАИ ЛАНГАРИ БОБО, ёдгории меъмории асрҳои 17 – 18 дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Конибодом. Мақбара гунбаздор буда, пештоқ надорад. Бино аз хишти хом сохта шуда, ҳавличааш бо тавораи начандон баланде иҳота гардидааст. Мақбара мураббаъшакл (5,50х5,50м) буда, девори ғарбиаш даромадгоҳи росткунҷа ва девори ҷанубиаш тирезаи панҷарадори гаҷӣ дорад. Дар миёнаи бино зери гунбаз сағона ҷойгир аст. Гунбази курашакл бар болои деворҳова «бурчак» (зергунбазӣ, болорҳои чӯбӣ дар кунҷи хонаҳои мураббаъ) бунёд шудааст. Чунин «бурчакҳо» дар санъати меъмории води Фарғона маъмул буда, барои иншооти асрҳои 17 – 18 хос мебошанд. Таҳкурсии мақбара сангин буда, бо чӯб комабандӣ шудааст, ки биноро зилзилатобовар мекунад. Намои асосӣ қисми ғарбӣ буда, дар пешрӯи он нимсутунҳои чортароши барҷаста аз девор маҳфуз мондаанд ва дар маҷмӯъ чавкоти П-шаклро дорнд. Аз боқимондаи нимсутунҳо дар дигар намоҳои бино маълум мегардад, ки онҳо низ чунин шакл доштаанд. Намоҳо ва гунбаз бо гач андова шудаанд. Намоҳои мақбара бо рангҳои гуногун оро ёфтаанд. Изораи биноро бо ранги арғувонӣ ва қисми болои дарҳоро бо ранги кабуд зинат додаанд. Андоваи дохили мақбара коҳгилист, деворҳо хатҳои морпеч доранд (ҳангоми хомандова бо ангушт кашида шудаанд). Дар миёнаҷои гунбаз равзане мавҷуд аст. Фарши мақбара гилини шиббашуда мебошад. Дар тарафи ҷануби мақбара деворҳои айвони валангор боқӣ мондаанд. Мақбара намунаи беҳтарини ёдгориҳои меъмории асрҳои 17 –18 тоҷик аст, ки дар ин давра санъати меъмории Осиёи Миёна рӯ ба таназзул буд. Ёдгорӣ дар ҳифзи давлат аст.