Jump to content

Мақбараи Мавлоно Обиддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Мавлоно Обиддин - ёдгории таърихӣ дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара. Мақбара хароб гашта буд ва солҳои 40 садаи XX хиштҳои онро дар сохтмони ҳаммоми совхози «Данғара» истифода бурданд. Мардуми деҳа гирди мақбараро маҳкам кард. Соли 1997 бо ташаббуси Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон дар харобаи мақбара таҳқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гашт, ки мақбара шакли мудаввари 8-кунҷа доштааст. Дар даруни лн бақияи ӣолоқабрӣ ёфт гардид, ки аз хишти пухта сохта шуда буданд. Мақбара аз сағонаи зеризаминӣ ва гӯрхонаи болоизамини иборат аст. Сағона шакли мураббаъ ва пӯшиши балхӣ дорад, баландиаш 150см, бинои болоизаминӣ шакли дарозрӯяи кунҷи сарбуридаро лорад. Маъқбара аз ду қисм иборат аст: зиёратхона ва гӯрхона. Шакли дохили гӯрхона 8-кунҷа буда,бар болои девори он устувона бунёд ёфтааст. Дар гӯрхона 4 турбати аз хиҳт сохта мавҷуд аст, ки дар онҳо Мавлоно Обидин ва наздикони ӯ мадфунанд. Зиёратхна аз пештоқи начандон калон иборат мебошад. Мақбара аз хишти пухтаи андазааш 21х21х4 бино ёфтааст. Деворҳои мақбара дар қадим каҷ андова карда, фаршаш бо хишт чида шуда буд. Мақбара борҳо таъмир ва бозсозӣ карда шудааст. Азбаски деворҳои он вайронкарда шуда буданд, қисмҳои бозсозигаштаи давраҳои баъдинаро муайян кардан душвор аст. Лоиҳаи тармими мақбараро меъмор А. Валиев тартиб дод, к ибо шакли ибтидоии он мутобиқат дорад. Гирдогирди мақбараро суфачаи баланди мармарифарш оро медиҳад.