Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — ёдгории таърихӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб. Андозааш 23,85×21,5 м. Мақбара аз утоқҳои гунбазпӯши бо роҳрав ба ҳам пайваст иборат аст. Аз ғарб, шимол ва шарқ дари даромад дорад. Даромадгоҳи асосӣ бо пешайвони начандон дарунрафта аз ҷониби ғарб воқеъ гаштааст. Дар утоқи марказӣ марқади Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хоҳаронаш Моҳи Хуросон ва Офтоби Пинҳон, писараш ва дигар нздиконаш, инчунин шоҳи Толиқон қарор дорад. Мақбара охири асри XIV бо сабки анъанавии маъбадҳои тоисломӣ (чортоқ) бино ёфта буд. Ҳатто хишти он бо усули дуҷуфта ва сеҷуфта чида шудааст, ки хоси меъмории асрҳои IX—X мебошад. Сардарҳои мақбара шакли росткунҷаи дарозрӯяро дорад. Пештоқҳои онҳо чандон чуқур нестанд. Бино пӯшиши гунбазӣ дошта, болои сутуни чортоқи дубағалаи 8-тарка қарор дорад. Аз даромадгоҳҳо ба сӯи чапу рост дар даруни девор роҳравҳои сарбастаи Г-шакл вуҷуд доранд. Роҳравҳои қисми шимол аз берун низ ду даромадгоҳи хурд доранд. Аз роҳрави ҷанубу шарқ бо зинапоя ба сӯи бом роҳ мебарад. Ҳамаи 4 пештоқи даромадгоҳҳо пӯшиши равоқии парпарӣ (бодбонӣ) доранд. Парпариҳо бо сабки буриши амудӣ бунёд ёфта, хиштҳо ба тарзи равоқи қавишаванда чидава болояшон бо гаҷ тарк-тарк карда шудааст. Болои равоқҳо бо нимхишти хобон дар сабки тахтаи шоҳмот (хонача-хонача) девр бардошта шудааст. Болои гунбазро гунбази ороишӣ бо як устувонаи начандон баланд пӯшонидааст (гунбаз болои гунбаз). Дар давраҳои баъдӣ дар атрофии марқад биноҳои гуногун сохта шуданд ва мақбара борҳо таъмиру тармим гардид, Таъмиру тармими берун аз қодаи солҳои 50 садаи XX тарҳи мақбараро дигаргун сохта, аҳамияти таърихии онро ҳамчун ёдгории меъморӣ коста намуд ва зебоии пешинаашро аз бай бурд. Солҳои 1974 — 79 мақбара мавриди баррасии Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ қарор гирифта, лоиҳаи таъмири он тарӣтиб дода шуд. Солҳо 1993 −98 ба муносибати 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сардари ғарбиро, ки холо намои асосӣ мебошад, устоҳои эронӣ кошикорӣ карданд. Дар назди мақбара фаввора ва дар шафати роҳ дарвозаи бедар сохта шуд. Ба муносибати ҷашни 2700-солагии ш. Кӯлоб бо супориши Президенти ҶШ Эмомалӣ Раҳмон бинои мақбара пурра тармим карда, гунбази марказӣ балаед бардошта, бо тунукаи зарҳалӣ пӯшонда шуд. Дар лоиҳаи нави тармими мақбара (меъмор З. Ҳасанов) камбудиҳои устоҳои пешин ба назар гирифта шуда, баландии гунбаз 9,7м (аз фарш) ва қутри он 7,2 муайян гардид. Гунбази марказӣ аз сатҳи боми умумӣ ба андозаи 2,7 м бардошта шуд. Чунин навсозӣ устувонаи биноро ба устувонаи биноҳои гунбазии а-ҳои 14 — 15 Осиёи Марказӣ мувофиқ месозад. Гунбаз дуқабата буда, бо ду камарбанд дар 8 пояи амудии оҳанубетонӣ қарр дорад. Шакли гунбаз таркӣ-таркӣ аст. Фосилаи миёнаи таркҳо 70 см. Таркҳо дар камарбанди оҳанӣ кафшер мешаванд. Ҳайкали гунбаз аз оҳан таркиб ёфта, басо устувор мебошад. Гунбази аслӣ бо гунбази оҳанӣ рӯбаст шудааст. Он аз қитъаҳои оҳани зангногир ва зарҳалӣ иборат мебошад. Мақбара ба истиснои сардари шимолӣ бо хишти нав дар сабки ҷуфтахиҳти хоси мақбараҳои асрҳои 9 — 10 рӯбаст шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.