Мақбараи Фахриддини Розӣ
МАКБАРАИ ФАХРИДДИНИ РОЗЙ, ёдгориҳои меъморӢ (асри 13) дар шаҳри Куҳнаи Урганҷи вилояти Тошҳавзи Чумҳурии Туркманистон Мақбараи мансуб ба номи файласуф, муаррих ва ■риёзидони форсу тоҷик Фахруддини Розист. Услуби меъмории мақбара ба нимаи дуюми садаи XII хос аст. Бино аз хиштҳои пухта ва сирдор оро ёфтааст, ки ин намуди онро ниҳоят бошукуҳ кардааст. Банду басти намо аз се қисм иборат буда, дорои се тоқи пайконист. Устувонаи 12 қиррадор бо хиштҳои сирдор рупўш шудааст. Қисми болоии устувона арақаи васеъ дорад. Ҳошияҳои борики арақаи бино аз силсилаи хиштҳои кабуди амудй ва уфуқӣ иборат аст. Ин усул — пўшиши гум-базҳои қиррадор дар ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёна (Мақбараи COMOHИҲO дар Бухоро, мақбараи Султон Санҷар дар Марв) ва Эрон (Мақбараи Қобус) ва Озарбойҷон вомехўранд.