Мақбараи Шайх Муслиҳиддин
Мақбараи Шайх Муслиҳиддин — мақбара ба шарафи Муслиҳиддини Хуҷандӣ — шоир, ҳокими шаҳр номгузорӣ шудааст. Мақбараи асри XII аз гӯрхонае, ки бо хишти пухта сохта шудааст иборат аст. Дар ҷойи он то асри XV мақбараи дигаре вуҷуд дошт, ки лавҳаҳои минокориву наққошӣ, катибаҳо ва чӯбҳои кандакориаш ҷо-ҷо боқӣ мондааст. Мақбара иншооти бузургест, ки аз зиёратхона, гӯрхона ва ҳуҷраҳои зиёде иборат аст. Зиёратхона се даромадгоҳи пештоқдор ва гунбазз дорад. Дар гӯрхона сағонаи чӯбини кандакорӣ боқист. Дар шафати ин мақбара дар асри XIX масҷиди бошукӯҳе бино ёфтааст, ки толорҳои зебо, айвонҳои серсутун, наққошиву кандакориҳояш то имрӯз қимати худро гумм накардаанд. Як қисми мақбара ҳоло Осорхонаи вилоятии тахриху кишваршиносист. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст. Мақбара ба Маҷмаъаи таърихӣ-меъмории Шайх Муслиҳиддин дохил карда шудааст.[1]
-
Масҷид ба шарафи Муслиҳиддини Хуҷандӣ (асри XIX)
-
Кабӯтарон назди Масҷиди Муслиҳиддини Хуҷандӣ
-
Маҷмааи таърихӣ - меъмории (масҷиди) Шайх Муслиҳиддин, ш. Хуҷанд,Тоҷикистон
-
Мақбара ба шарафи Муслиҳиддини Хуҷандӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мақбараи Шайх Муслиҳиддин // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.