Jump to content

Мақомоти манзум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомоти манзуммусиқидононе, ки табъи шеъргӯӣ, салиқаи хуби шеърфаҳмӣ доранд, шоироне, ки мусиқӣ ва таркиботи онро дарк менамуданд, 12-мақом, 6-овоза, 24-шӯъбаро ба шеър адо мекарданд. Масалан, дар ин замина Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535) «Рисола дар баёни дувоздаҳмақом», «Назми дувоздаҳмақом»-ро ба назм навишта, махсусиёти мақомҳоро бисёр рангин ба қалам овардааст:

Илми мусиқӣ ар ҳамедонӣ,
Субҳдам бар «Раҳовӣ» соз.
Бисоз пардаи «Ҳусайнӣ»-ро
Кун ба вақти тулӯъи субҳ оғоз
Чун сари найза гашт офтоб баланд,
Пардаи хуб «Рост»-ро бинвоз.
Ба гаҳи чошт «Бусалик» гузин,
Пас ба шодию лаҳв сар бифароз...
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 136 ISBN 978-99947-49-13-3