Мақсудҷони Танбӯрӣ
Мақсудҷон Болтуев | |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 1974 |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Мақсудҷон Болтуев (машҳур ба Мақсудҷони Танбӯрӣ; 1890, Хуҷанд — 1974, Регар) — танбӯрӣ, хонанда ва оҳангсоз, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Мақсудҷон Болтуев дар ҳавзаи иҷроии Хуҷанд сурат гирифта, аз намояндагони номвари мактаби иҷроӣ ва шогирди Содирхон (1847—1931) буда, аз соли 1908 зери сарпарастии ӯ сознавозӣ, овозхонӣ андӯхтааст. Мақсудҷон Болтуев соли 1919—1920 дар гурӯҳи театрӣ-драмавии мактаби Беҳбудӣ ҳунар омӯхта, дар барномаҳои иҷроӣ фаъолона ширкат дошт. Оҳангсозон Прокофьев Е., Зубков Н. (1946) дар иҷрои Мақсудҷон Болтуев намунаҳои таснифоти Содирхонро сабт намуда, дар шакли маҷмӯаи хоса ба нашр расонидаанд. Зиндагию фаъолияти эҷодии минбаъдии Мақсудҷон Болтуев аз 1940 дар ш. Душанбе, Регар ҷараён гирифта, иштирокдори даҳаи санъати ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1944, Тошканд) буда, бо барномаҳои консертӣ ҳунаророӣ (солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) кардааст. Соли 1960—1963 дар дастаи ҳунарварони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон хидмат намуда, ба сарояндагон Искандаров Ҷ., Ниёзов Б., Исҳоқова Б. сабки иҷроии Содирхонро омӯзонида, таснифоти иҷронамудаашро ба хазинаи радиои тоҷик сабт кардааст. Мақсудҷон Болтуев барои хидматҳои шоиста дар нигаҳдошт, тарғиби мероси мусиқии устодонаю мардумӣ маҳорати баланди иҷроӣ ба ифтихорномаҳои ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 45 ISBN. — 978-99947-49-13-3.