Маҳастии Ганҷавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маҳастии Хуҷандӣ)
Jump to navigation Jump to search
Маҳастии Ганҷавӣ
Stamps of Azerbaijan, 2013-1106.jpg
Санаи таваллуд:

асри XII

Зодгоҳ:

Ганҷа

Санаи марг:

тақр. 1181[1][2]

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоира

Забони осор:

порсӣ

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Маҳастии Ганҷавӣ Зодгоҳи Маҳастӣ шаҳри Ганҷа будааст ва ҳамдавра бо Ғазнавиён буд. Рашиди Ёсимӣ муътақид буд, ки «Меҳастӣ» муташаккил аз ду калима «меҳ» ба маънии бузург ва «сати» ба маънии хонум буда ва ҷамъан ин калима ба маънии «хонумбузург» аст. Дар чаҳорсолагӣ падараш ӯро ба мактабхона фиристод ва чун истеъдоди саршор дошт дар даҳсолагӣ бо адаб зани донишманд берун омад.Ӯ чангу уд ва торро ба зебоӣ менавохт. Шӯҳрати ӯ бештар ба хотири рубоиёташ аст. Вай дар сурудаҳояш зани фитнагар ва зебо будааст, ки ушоқи фаровоне дошта, аз ҷумла Амир Аҳмад Тоҷиддин бинни Хатиб, ки фарзанди хатиби Ганҷа буда ва оыибат ба аыди ӯ дармеояд. Ибни Хатиб монанди ҳамсараш табъи шеър дошта ва рубоиёте низ аз ӯ боқи мондааст. Аз зиндагии Маҳастӣ огаҳии чандоне дар даст нест. Ва ончи ҳаст ақволи тазкиранависоне чун Давлатшоҳи Самарқандӣ, Амин Аҳмади Розӣ ва Озари Бегдилӣ аст, ки ҳама нақл аз якдигар ва омехта ба афсонагароӣ ва достонҳое сохтагӣ аст. Девони ашъори ӯ низ ба ҷой намонда ва рубоиҳое ба номи ӯ дар «Назҳулмаҷолис», «Мунисулаҳрор» ва маҷмуаҳову тазкираҳо ба даст омадааст. Дар ҳеҷ аз манобеъи кеҳин, замони мушаххаси валодату марги Маҳастӣ ба даст дода нашуда, бо ин ҳама бархе аз муосирон, валодати вайро 490 ва маргашро 577 ҳ.қ зикр кардаанд.

Мероси адабӣ

Имрӯз аз Маҳастӣ, девоне бар ҷой намондааст; девоне аз вай то авали ыарни даҳум дар Ҳирот барҷой буда, ки дар ҳамлаи Убайдуллохони узбек ба Ҳирот аз байн рафтааст ва танҳо ашъори парокандае аз ӯ дар китобҳои қадим боқӣ мондааст.( https://fa.wikipedia.org)

Намунаи осор:

Моро ба дами пирӣ нигаҳ натвон дошт,

Дар ҳуҷраи дилгир нигаҳ натвон дошт.

Онро, ки сари зулф чун занҷир аст,

Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.

***

Дӯшина шабам буд шабеҳи ялдо,

Он муниси ғамхор н-омад умедо.

Шаб то ба саҳар зи дида зар месуфтам,

Мегуфтам раб лотазарнӣ фардо.

***

Он рӯз, ки маркаби фалак зин карданд,

Ороиши муштариву парвин карданд.

Ин буд насиби мо зи девони қазо,

Моро чи гунаҳ қисмати мо ин карданд.

***

Дар тоси фалак нақши қазову қадар аст,

Мушкил гиреҳест, халқ аз ин бехабар аст.

Пиндор мадор к-ин гиреҳ бикшоӣ,

Донистани ин гиреҳ ба қадри башар аст ( www.ganjoor.net)

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳусайнов, Рафаэл. Gəncəvi Маҳастии Ганҷавӣ : Партра-китоб / Р. Ҳусайнов ; мутарҷим Ш. Сӯфиев ; тарроҳ К. Ҳошимова ; наққош С. Шотикев ; Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон. - Боку : Интишороти “Шарқ-Ғарб”, 2014. - 128 саҳ. : портр. ; 17 см. - :Məhsəti Gəncəvi: portret-oçerk. - Китоб мутобиқи фармони Президенти Чумхури Озарбойҷон ҷаноби Илҳом Алиев аз таърихи 16-уми январи соли 2013 ба ифтихори бузургдошти 900-умин солгарди Маҳастии Ганҷавӣ интишор мешавад. - Китоб дар Музейи адабийети миллии Озарбойҷон ба номи Низомии Ганҷавии Академияи улуми миллии Озарбойҷон таълиф гардидааст. - Наққоши портрети Маҳастии Ганҷавӣ дар сарлавҳа: Гуллу Мустафоева. - 500 nüs.. - ISBN 978-9952-32-167-8 : 8.61 AZN
  • 1. https://fa.wikipedia.org 2.www.ganjoor.net

Эзоҳот[вироиш]

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]