Ганҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганҷа
озарбойҷонӣ: Gəncə
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Niyazi Bayramov[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 660
Масоҳат
  • 298 км²
Баландӣ
408 ± 1 м
Вақти минтақавӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 331 400 тан (2015)
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 AZ-GA
Нишонаи почта AZ2000
Коди мошинҳо 20
Вебгоҳи расмӣ
Ганҷа дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ганҷа (озарбойҷонӣ: Gəncə; аз 1804 то 1918 — Елизаветпол, аз 1919 то 1935 — Ганҷа, аз 1935 то 1989 — Кировобод, аз 1989 — Ганҷа) — дуввумин шаҳри бузурги Озарбойҷон, ки дар доманаи шимолу шарқии қаторкӯҳи Қафқози хурд, дар пастии Ганҷаву Қазоқ, дар соҳили дарёи Ганҷа (ҳавзаи Кура), 362 км дуртар аз шаҳри Боку воқеъ гардидааст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи Ганҷа аз калимаи паҳлавии «гандз» гирифта шуда, маънояш «хазина», «ҷойи нигоҳдории маҳсулот» мебошад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ Ганҷа соли 660 бунёд гардидааст, вале номи форсии «Ганҷа» гувоҳи он аст, ки Ганҷа шаҳри қадими давраи тоисломӣ аст. Дар садаи X Ганҷа таҳти ҳукумати сулолаи эронии Солориҳо қарор дошт ва пойтахти сулолаи курди Шаддодиён буд. Дар замони салтанати Фадлони I (895—1030) иқтидори Ганҷа боз ҳам қавӣ гашт. Шаддодиён дар Ганҷа қалъаҳо, қасрҳо, пулҳо, корвонсаройҳо сохтанд ва тангаҳо зарб заданд. Дар атрофи шаҳр қалъаҳои нави мустаҳкам сохта шуданд. Соли 1063 дарвозаҳои машҳури Ганҷа бунёд гардиданд. Ҳудуди Ганҷа васеъ гардида, он ба маркази бузург табдил ёфт ва маҳаллаҳои нави тиҷоратию косибӣ бунёд ёфтанд. Абрешим (шоҳӣ) ва маҳсулоти аз он тайёркардашуда дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидорони бисёр дошт. Дар миёнаҳои садаи XI салҷуқиён ба Қарабоғ ҳуҷум намуданд. Баъди забти Табрез Туғрули I соли 1054 ба сӯйи Ганҷа ҳаракат кард. Ҳокими Ганҷа Шавир барои ба тобеияти Туғрулбек дохил шудан розӣ буд, вале ин садди ҳуҷуми салҷуқиён нагардид. Соли 1086 Маликшоҳи салчуқӣ сарлашкари худ Буғайро ба Ганҷа фиристод. Бо вуҷуди муқобилати шадиди аҳолии маҳаллӣ салҷуқиён Ганҷаро забт намуданд. Ҳокими Ганҷа Фадлони III асир афтод ва салтанати сулолаи Шаддодиён, ки беш аз 100 сол дар Ганҷа ҳукмрон буд, хотима ёфт. Маликшоҳ писари худ Ғиёсиддинро ҳокими Ганҷа таъйин намуд. Дар нимаи якуми садаи XII гурҷиҳо чанд бор ба Ганҷа ҳуҷум карданд ва Ганҷа то ҳуҷуми муғулҳо тобеи Гурҷистон буд. Соли 1139 (38) Ганҷа дар натиҷаи заминҷунбии шадид хароб гардид. Бар асари ин зилзила ба қавли Имоди Котиб сесад ҳазор нафар ва ба қавли Ибни Асир яксаду сӣ ҳазор ба ҳалокат расиданд. Ганҷа баъди ин ҳодиса ба ҷойи дигар кӯчонда шуд. Харобаҳои Ганҷаи қадимӣ 7 км дуртар аз Ганҷаи кунунӣ ҷойгиранд. Ёқути Ҳамавӣ фосилаи миёни Ганҷа ва Тифлисро шонздаҳ фарсах ва Истахрӣ ин фосиларо нуҳ фарсах гуфтаанд. Дар китоби «Сурату-л-арз» Ганҷа «шаҳре зебо ва пур бузург ва ободон ва пурҷамъият» гуфта шудааст. Дар китоби «Ҳудуду-л-олам» омадааст, ки: «Ганҷа ва Шамкур ду шаҳранд бо кишту барзи бисёр». Минбаъд Ганҷа қароргоҳи ҳокими илдегизӣ (Атобакиёни Озарбойҷон) Аррон буд. Соли 1143 Атобаки Қаросунғур фавтид ва шаҳри Ганҷа зери тасарруфи илдигизҳои Ардабил қарор гирифт. Соли 1225 Ганҷаро Ҷалолуддини Хоразмшоҳ ғасб намуда, то рӯзи фавташ (1231) ҳокими он буд. Навкарони Ҷалолуддин ба мардум зулму ситами бисёр мекарданд. Дар натиҷа мардум бо роҳбарии косиб Бандар соли 1231 шӯриш бардоштанд. Шӯриш саркӯб гардида, 30 роҳбари фаъоли он бо сарварии Бандар ба қатл расонда шуданд. Асрҳои 12-13 давраи тараққиёти Ганҷа — пойтахти дуввуми давлати Атобакиён буд. Абрешими Ганҷа дар бозорҳои мамлакатҳои ҳамсоя ва Шарқи Миёна арзиши баланд дошт. Ганҷа дар ин давра яке аз марказҳои фарҳангии Форс буд. Шоирони адабиёти классикии форс-тоҷик Низомии Ганҷавӣ ва Меҳситии Хуҷандӣ дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Соли 1235 Ганҷаро сипоҳиёни муғул забт карданд. Дар асрҳои 16-18 Ганҷа дар ҳайати давлати Сафавиҳо буд. Январи 1804 (1803) лашкари Русия бо роҳбарии генерал Ситсиан Ганҷаро забт намуда, охирин ҳокими Ганҷа Ҷаводхон бо писараш дар қатори қатлиомшудагон кушта шуданд. Шаҳрро ба шарафи малика Елизавета Александровна Елизаветпол ном гузоштанд. Пас аз шикасти аввали Эрон дар ҷангҳои зидди Русия, тибқи аҳдномаи сулҳи Гулистон, соли 1813 Ганҷа тобеи Русия гардид. Тирамоҳи 1905 дар Ганҷа байни арманиҳо ва озарбойҷониҳо задухӯрди хунин ба амал омад, ки дар натиҷаи он аҳолии шаҳр ду тақсим шуд: мусулмонҳо дар соҳили чап ва арманиҳо дар соҳили рости дарёи Ганҷа ҷой гирифтанд. Чунин задухӯрдҳои қавмӣ солҳои 1919-20 низ рух доданд. Ганҷа (Кировобод) дар замони шӯравӣ ба маркази дуввуми саноатию фарҳангии Озарбойҷон тадбил ёфт. Баъди оғози низоъҳо дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ (ноябри 1988) дар шаҳр қатлу ғорати арманиҳо оғоз шуд. Бо кӯшиши Артиши Шӯравӣ ба хунрезиҳо хотима бахшида шуд ва арманиҳо шаҳрро тарк карданд. Ганҷаи имрӯза ду ноҳияи шаҳрӣ (Калаз ва Низомӣ) ва шаҳраки Аҷикентро дар бар мегирад.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Истгоҳи р. о. дар хатсайри Боку — Тбилиси дорад, ки маркази роҳҳои автомобилгард мебошад. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Аҳолиаш 322,9 ҳазор нафар (2013). Ганҷа аз ҷиҳати рушди саноат ва фарҳанг (пас аз Боку) шаҳри дуввуми Озарбойҷон аст. Саноати сабук (комбинатҳои бофандагӣ, қолинбофӣ, заводи пахта ва ғайра) ва хӯрокворӣ (комбинатҳои равған, гӯшт, орд, шир, ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои асбобсозӣ, оҳану бетонӣ, хонасозӣ, заводҳои механикӣ, таъмири автомобилҳо, чиниворӣ, фабрикаи мебел ва ғайра дорад.

Ёдмонҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Ганҷаи қадимӣ (Ганҷаи Куҳна) боқимондаи деворҳои қалъа, манора ва пул (садаи XII — аввали садаи XIII) мавҷуданд. Дар шимолу шарқи Ганҷаи Куҳна мақбараи Имомзода, масҷид (асрҳои XIV-XVII), мақбараи шоир Низомӣ воқеанд.

Илму маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Ганҷа яке аз марказҳои асосии илму маорифи Озарбойҷон мебошад. Дар Ганҷа Академияи давлатии кишоварзии Озарбойҷон, Донишгоҳи давлатии Ганҷа, Донишгоҳи давлатии технологии Озарбойҷон, шуъбаи Институти муаллимони Озарбойҷон фаъолият доранд. Техникумҳои саноати сабук, политехникӣ, сохтмон, кишоварзӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ, мусиқӣ, осорхонаи кишваршиносӣ, театри драма, маркази телевизион дорад. Ганҷа бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ахмедов Р. Д. Городище Гянджа. Баку, 1985;
  • Гасанова А. А. Ганджа сегодня. Баку, 1991;
  • رضاعنایتاللّه. آذربایجانوايران. تهران،۱۳۷۲ش.؛
  • آثارالبلادواخبارالعباد. تهران،۱۳۷۳ش.؛
  • ورجاوندپرویز. ایرانوقفقاز. تهران،۱۳۷۸ش.؛
  • بیاتکاوه. آذربایجاندرموجخیزیتأریخ. تهران،۱۳۷۹ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]