Маҳмадсаид Зувайдзода
Таърихи таваллуд | 2 март 1969 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 октябр 2022 |
Ҷоизаҳо |
ордени «Шараф» дараҷаи I, ва диг. |
Маҳмадсаид Маҳмуд Зувайдзода (2 март 1969, Тоҷикистон — 22 октябр 2022) — ходими давлатии тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадсаид Зувайдзода 2 марти соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1987—1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Соли 1990 ба ҳайси устои Кооперативи сохтмонии «Монолит-2»-и шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муҳандис оид ба таъминот, саркори минтақаи сохтмонӣ, сармуҳандиси Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе, сардори Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 2006—2009 Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Сомон-Тоҷиксохтмон» ва солҳои 2009—2013 Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиксемент» буд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намуд. 12 январи соли 2017 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020 Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гарди, то дами марг дар ин вазифа кор кардааст (аслан то 5 январи 2023)[1]. Бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.[2]