Jump to content

Маҷди Хофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҷди Хофӣ
Таърихи даргузашт: 1494

Мулло Маҷдуддини Хофӣ (форсӣ: مجدالدین خوافی‎; дарг. 1494) — нависанда ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи зиндагии ӯ ба охири асри 13 ва нимаи аввали асри 14 рост меояд. Зодгоҳаш Хоф ном деҳаи Нишопур аст. Аз ин рӯ бо нисбан «Хофӣ» машҳур гаштааст. Мувофиқи маълумоти «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва асари ягонаи то замони мо расидаи Маҷди Xофӣ — «Хористон» (таълифаш 1332—33) ӯ аз ҷавонӣ ба илмомӯзӣ ва шеъргӯӣ шурӯъ карда, асосҳои илми тибро низ омӯхта буд. Аз «Хористон» бармеояд, ки Маҷди Xофӣ ба чанде аз шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳиндустон сафар намудааст.

«Хористон» яке аз аввалин асарҳо дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ ба шумор меравад. Он аз 10 боб иборат аст. Дар «Хористон» ғояҳои инсондӯстӣ, накӯкорӣ, дастгирии бечорагон тарғиб ва хислатҳои бади инсонӣ аз қабили бахилӣ, ғаммозиву риёкорӣ мазаммат шудаанд. Масъалаҳои фазилати илму дониш, қадри сухан, мазаммати зулму ҳокимони золим ва ғ. матолиби асосии китоб мебошанд.

  • Маҷди Хофӣ / С. Нилобеков // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).