Маҷдуддини Бағдодӣ
Маҷдуддини Бағдодӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 1149 ё 1170 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1219 |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | тасаввуф |
Устодон: | Наҷмуддини Кубро |
Шогирдон: | Разиюддин Алӣ Лоло ва Наҷмуддини Розӣ |
Вироиши Викидода |
Маҷдуддини Бағдодӣ (форсӣ: مجدالدین بغدادی, Абӯсаид Шараф ибни Муайяд ибни Абулфатҳ; (1149 ё 1170, Хоразм — 1219) — ориф, шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик, муриди Наҷмуддини Кубро ва муршиди Фаридуддини Аттор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷдуддини Бағдодӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна шуҳрат доштааст. Маҷдуддини Бағдодӣ то синни 18-солагӣ ҳикмат, забони арабӣ, фиқҳ, тиб ва нуҷуму адабро омӯхта, баъди таҳсил мувофиқи хости модараш дар Хоразм муриди Наҷмуддини Кубро мешавад. Баъди сайру сулук ва риояи мартаботи суфия ба дараҷаи шайхӣ мерасад. Маҷдуддини Бағдодӣ дар илми тиб донишу шуғли махсусе доштааст ва аз ин рӯ, Аттор дар назди ӯ ҳам асосҳои тиб ва ҳам арқони тасаввуфро омӯхтааст. Аз Маҷдуддини Бағдодӣ рубоиёти суфиёнае боқӣ мондааст, ки дар онҳо таъсири рубоиёти устодаш Наҷмуддини Кубро ва Умари Хайём ҳувайдост. Баъзеҳо Маҷдуддини Бағдодиро саҳнаи Бағдоднасл мешуморанд. Маҷдуддини Бағдодӣ бо фармони ҳокими Хоразм Муҳаммади Хоразмшоҳ қатл карда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҷдуддини Бағдодӣ / М. Султонов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
- Бертельс Е. Э., Суфизм и суфийская литература, М., 1965.