Маҷлиси миллии Фаронса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Script error: The function "infobox" does not exist.

Маҷлиси Миллӣ ё Ассамблеяи Миллӣ (фр. Assemblée nationale) — палатаи поёнии парлумони Фаронса мебошад, палатаи болоӣ бошад сенат мебошад. Ассамблеяи Миллӣ дар Қасри Бурбон (Пале Бурбон)-и Париж, дар соҳили чапи дарёи Сена дар муқобили Майдони Оштӣ ҷойгир аст. Қасри Бурбон соли 1728 сохта шуда буд, вакилон дар он аз соли 1798 маскан гирифтанд.

Маҷлис аз 577 вакил иборат аст, ки дар натиҷаи интихоботи мустақими умумӣ дар ду давр ба муддати 5 сол интихоб мешаванд. Мисли сенаторҳо, вакилон нақши дугона доранд, ки аз болои амалҳои ҳукумат назорат кунанд, ба Ассамблея ба таври хаттӣ ё даҳонӣ ҳисобот диҳанд ва қонунҳои нав қабул кунанд.

Раиси Маҷлиси Миллӣ одатан намояндаи ҳизби пешбар аст. Ба ӯ ноиби президент, одатан аз ҳизби дигар, кӯмак мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси Миллӣ 5 сол аст, аммо раисиҷумҳури Фаронса метавонад онро пароканда кунад ва интихоботи пеш аз мӯҳлат таъин кунад, агар вай дар соли гузашта онро пароканда накарда бошад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]