Маҷмаъу-л-ғароиб
«Маҷмаъу-л-ғароиб» (форсӣ: مجمعالغرایب) — асари космографии донишманд ва ҷаҳонгарди тоҷик Султонмуҳаммад ибни Дарвешмуҳаммади Балхӣ.
Иншои асар ба солҳои 1575—1576 рост меояд. «Маҷмаъу-л-ғароиб» мансуби жанри космографии «Аҷоибот» буда, дар адабиёти географии форсу ағози асримиёнагӣ шуҳрат дошт. Асари Балхӣ қариб 20 бобро дар бар гирифта, ба тасвири табиат, география, таъриху этнографияи кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон бахшида шудааст. Аз ҷумла, олим дор бораи асрори фалак, шахсони аҷиб ва хислотҳои одамӣ, олами ҳайвоноту наботот, кӯҳу баҳрҳо, дарьёву чашмаҳо, дашту биёбонҳо, зилзилаҳои ҳалокатовор, маъбаду дахма ва қалъаҳо, тӯлу умқ ва арзи дарьёҳои ҷудогона, масофаи байни шаҳрҳои машҳур, оид ба санъати рӯҳшиносӣ, суханҳои ҳикматомези олимону андарзи хирадмандон, тарзи муайян кардани минералҳои қиматбаҳо ва ғ. маълумот медиҳад. Дар асар тавсифи географии шаҳрҳои Мовароуннаҳр дода шудааст.
Нусхаҳои «Маҷмаъу-л-ғароиб» дар китобхонаҳои Санкт-Петербург, Душанбе ва Тошканд, инчунин дар Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мавҷуданд. Алҳол дар захираи дастнависҳои Институти шарқшиносии АМИТ 10 нусхаи «Маҷмаъу-л-ғароиб» маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҷмаъу-ул-ғароиб / Ю. Мальцев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).