Мелик Мирзоев
Мелик Мирзоев (тав. 29. 03. 1928, ноҳияи Варзоб – ваф. 21. 09. 1996, ноҳияи Варзоб), муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (1963), дотсент (1966), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1951 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1952–1953 муаллими мактаби миёна ва директори мактаби миёна дар ноҳияи Ленин, 1953– 1956 аспиранти кафедраи марксизм-ленинизм, 1956–1966 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Ҳамзамон дар донишкада вазифаи раиси Комитети иттифоқҳои касабаро ба уҳда дошт. Солҳои 1966–1972 ҳамчун сардори шуъбаи илм ва нашриёти Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1972–1988 муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамзамон аз соли 1966 то солҳои 90-уми асри гузашта ӯ фаъолияти омӯзгориашро дар донишкадаи омӯзгории пойтахт ҳамчун ҳамкор давом додааст. Дар давоми зиёда аз 10 соли фаъолияти омӯзгориаш дар донишкадаи омӯзгории пойтахт дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳм гузоштааст. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Муаллифи зиёда аз 25 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои коллективонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои хидматҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ», унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён» ва якчанд ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.