Менингиома
Менингиома | |
---|---|
Ихтисос | Саратоншиносӣ, асабшиносӣ, ҷарроҳии мағзу аъсоб |
МКБ-10 | C70, D32 |
---|---|
МКБ-9 | 225.2 |
МКБ-О | Шаблон:ICDO |
OMIM | 607174 |
DiseasesDB | 8008 |
eMedicine | neuro/209 Шаблон:EMedicine2 |
MeSH | D008579 |
Менингиома (Meningioma) — омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад.
Аломатҳои беморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Менингиома бемории маъмул аст. Менингиома метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд.
Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми менингиома дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) ва ихтилоли рӯҳӣ ба вуҷуд меояд, сар дард мекунад. Дар давраҳои охири беморӣ бинобар калон шудани омос бофтаҳои майна варам карда, тазиқ меёбанд, дар натиҷа фишори дохили ҷумҷума баланд мешавад, сардард, дилбеҳузурӣ, қай, беҳушӣ рух медиҳанд.
Бисёр менингиомаҳо некфарҷом буда, бо ҷарроҳӣ табобат меёбанд. Самараи амалиёти ҷарроҳӣ ба мавқеи омос вобаста аст. Менингиомаҳои бадфарҷом гоҳо ҷарроҳии дубораро тақозо мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гринберг М.С. Нейрохирургия. -М.: МЕДпресс-информ, 2010г. 1008с. ISBN 978-5-98322-550-3
- Joung H.Lee. Meningiomas. :Springer, 2008. 639с. ISBN 978-1-84628-526-4
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Клиническая презентация больной с субтенториальной менингиомой (iNeurologist)
- Клиническая презентация больной с рецидивом атипичной менингиомы (iNeurologist)