Jump to content

Меъёри Ҷамолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Меъёри Ҷамолӣ

«Меъёри Ҷамолӣ» (форсӣ: فرهنگ معیار جمالی‎) — асари адиби Шамси Фахрӣ, ки ба ҳокими Шероз Ҷамолуддини Абӯисҳоқ пешкаш карда, ба ин муносибат «Меъёри Ҷамолӣ» номидааст.

«Меъёри Ҷамолӣ» 4 қисм аст. 3 қисми аввал улуми сегонаи адабӣ — арӯз, қофия, бадеъро дар бар гирифтааст. Шамси Фахрӣ дар таснифи ин се қисм аз «Ҳадоиқу-с-сеҳр»-и Рашиди Ватвот ва «Ал-муъҷам»-и Шамси Ҳайси Розӣ истифода бурдааст. Лекин мусанниф ба ҷои порчаҳои шеърие, ки Рашиди Ватвот ва Шамси Қйс аз эҷодиёти саромадони сухан далел овардаанд, ба сифати мисол ашъори маснӯи ба мадҳи мансабдорони давр бахшидаи худро нақл кардааст. Бинобар он, асараш аз ҷиҳати қимати эстетикӣ дар пояи пасттаре қарор гирифтааст. Қисми 4у-ми «Меъёри Ҷамолӣ» фарҳанги тафсирии мухтасарест. Мусанниф тақрибан 1600 калимаи камистеъмол ва ғайримаъмули форсӣ (тоҷикӣ)-ро ба тартиби алифбо аз рӯи ҳарфи охир шарҳ додааст. Сарчашмаи ин қисми «Меъёри Ҷамолӣ» «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсист, лекин дар ин ҷо ҳам Шамси Фахрӣ шоҳидҳои луғавиеро, ки Асадӣ аз осори шоирони асрҳои 9—11-и Мовароуннаҳру Хуросон оварда буд, бо абёти худ иваз кардааст. Шамси Фахрӣ феълҳоро дар ду шакл — тасрифӣ ва масдарӣ зикр кардааст: «шахш, шахшидан — лағжидан», «пайхуд, пайхудан — сӯхта доғдор шудани либос аз наздикии оташ». Баъзе калимаҳо бо чандин муродифи шевагиашон омадаанд: карабш, муродифҳояш — карабша, карабса, карабшу, каробсу, карбоса ва ғ. Қисми 4у-ми «Меъёри Ҷамолӣ» ки бештар шӯҳрат ёфта, минбаъд бо унвони «Фарҳанги Шамси Фахрӣ», «Луғати фурс», «Луғати фурси қадим» зикр шудааст. Инчунин мусаннифони фарҳангҳои «Тӯҳфату-л-аҳбоб», «Маҷмаъу-л-фурс», «Фарҳанги Ҳусайни Вафоӣ», «Дурри дарӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» аз ин асар истифода бурдаанд. Қисми 4у-ми «Меъёри Ҷамолӣ»-ро соли 1885 К. Г. Залеман дар хазон бо номи «Луғати фурс»-и Шамси Фахрӣ чоп кардааст; қисмҳои дигари китоб то имрӯз ба табъ нарасидаанд.

  • Меъёри Ҷамолӣ / С. Имронов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).