Кори муздӣ ва сармоя
олмонӣ: Lohnarbeit und Kapital | |
Муаллиф: | Карл Маркс |
Нашр: | 1849 |
Расона: | китоб |
Нусхаи электронӣ(олмонӣ) |
«Кори муздӣ ва сармоя» (олмонӣ: Lohnarbeit und Kapital) — асари Карл Маркс, ки дар он муносибатҳои истеҳсолии ҷамъияти буржуазӣ муфассал таҳлил шудааст.
Чоп
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин бор соли 1849 дар «Газетаи нави Рейн» чоп шуд; нотамом мондааст. Ба забони русӣ бори аввал аз тарафи гурӯҳи «Озодкунии меҳнат» тарҷума ва соли 1883 дар Женева чоп гардид. Соли 1963 бо номи «Меҳнати кироя ва капитал» ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст (Маркс К., Энгельс Ф., Асарҳои мунтахаб, ҷ. 1, саҳ. 60—89).
«Кори муздӣ ва сармоя» аввалин асари чопии К. Маркс буда, дар он воситаҳои истеҳсолоти капиталистӣ аз ҷиҳати илмӣ тадқиқ шудааст; дар ин асар ба таҳлили муносибати асосии ҷамъияти буржузӣ — муносибати байни меҳнати кироя ва капитал диққати махсус дода мешавад. К. Маркс дар «Кори муздӣ ва сармоя» музди кор ва қонунҳоеро, ки андозаи онро муайян мекунанд, таҳлил карда, процесси андухти капиталро дида мебарояд. Фарқи зиддияти кулли манфиатҳои меҳнате кироя ва капиталро нишон медиҳад ва исбот мекунад, ки афзоиши босуръати капитал барои навсозии революционии ҷамъият замина мегузорад. К. Маркс дар «Кори муздӣ ва сармоя» ба ҳалли масъалаи арзиши изофа хеле наздик шудааст. Ғояҳои «Кори муздӣ ва сармоя» дар асарҳои минбаъдаи К. Маркс ва Ф. Энгелс, махсусан дар «Сармоя» инкишоф ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маркс, К. Наёмный труд и капитал // Собр. соч. / К. Маркс, Ф. Энгельс. — 2-е изд. — М. : Политиздат, 1957. — Т. 6. — 577 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.