Jump to content

Забони олмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Забони олмонӣ (германӣ; олм. Deutsch , талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃ]; deutsche Sprache, талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃə ˈʃpʁaːχə]) — забони олмониҳо, утришиҳо, олмониҳои Швейтсария, ли­хт­енштейниҳо, элзасиҳо ва лотарингҳо, инчунин симбрҳо ва моҳеноҳо (дар Итолиё). Забони расмӣ дар Олмон, Утриш, Лихтенш­тейн, яке аз забонҳои расмии Швейтсария, Люксембург, Белгия.

Ҷуғрофиёи забон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомилони забони олмонӣ бештар дар Аврупои Марказӣ (Ру­миния, Маҷористон, Чехия ва ғайра) зиндагӣ мекунанд. Дар Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ, Фаронса (Элзас ва Лотарингия), Италия, Лаҳистон, Дания, ИМА, Канада, Бра­зилия ва ғ. низ мутакаллимон дорад. Шумораи умумии олмонизабонон — 99 млн нафар (2010; дар Олмон тақр. 78 млн, Утриш 7,5 млн, Швейсария 5,1 млн, ИМА 1,1 млн, Люксембург 474 ҳазор, Канада 623 ҳазор, Италия 333 ҳазор, Белгия 96 ҳазор, Лихтенштейн 35 ҳазор). Ба ғайр аз ин 80 млн нафар забони олмониро чун забони хориҷӣ медонанд.

Забони олмонӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои олмонӣ (германӣ) му­та­ал­лиқ аст. Ба шеваҳои ба ҳам наздики қабилаҳои франк­ҳо, алеманҳо ва бавариягиҳо асос ёфтааст. Забони муосири олмонӣ ду шева дорад: олмонии поин (ба ҳайси забони алоҳида амал менамояд), олмонии боло (шеваҳои олмонии миёна ва олмонии ҷанубиро дар бар мегирад). Марзи ин ду шева аз «хатти Бенрат» — шимоли Ахена, ҷануби Дюсселдорф, болотари Магдебург то Франкфурти назди Одер мегузарад. Шеваҳои олмонии миёна ба олмонии миёнаи ғарбӣ (риндарӣ, мозелӣ-фран­кӣ, пфалӣ, ҳессенӣ) ва олмонии миёнаи шарқӣ (тюрангӣ, мейсенӣ, саксонии боло) тақсим мешаванд. Дар заминаи онҳо забони адабӣ ё стандартии олмонӣ ташаккул ёфтааст. Ба гурӯҳи шеваҳои ҷа­ну­бии олмонӣ шеваҳои бава­рия­гӣ, швабӣ, алеманӣ, алемании боло, франкии шарқӣ дохил мешаванд. Дар Швейтсария, Утриш, қисман дар Люксембург, Белгия, Тироли Ғарбӣ ва Лихтенштейн ба ғайр аз забони стандартии ол­мо­нӣ аз шеваҳои маҳаллӣ истифода мешавад. Дар Швейтсария шеваи швейсарӣ (ҳа­мон шеваи алемании болост) нисбат ба забони стандартӣ маъмултар аст.

Хусусиятҳои забоншиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Савтиёти забони олмонӣ хусусиятҳои зерро дорост: мавҷудияти садонокҳои дарозу кӯтоҳ вобаста ба ҳиҷо (кушода, пӯшида), ихтисор шудани [ә] дар охири калима, мавҷудияти ҳамсадоҳои ҷа­ранг­дору беҷаранг, вобаста ба мавқеаш дар калима бо садо талаффуз шудани r. Тазодди ҳамсадоҳо аз ҷиҳати нар­миву сахтӣ вуҷуд надорад. Ҳам­садоҳои таркибӣ (ба ҳам часпида), аффрикатаҳо, мас. pf ба назар мерасанд. Овоз­ҳои садонок дар аввали калима ё реша ба таркиши сахт, ҳамсадоҳои беҷаранги p, t, k бо нафас талаффуз мешаванд. Дар калимаҳои аслии олмонӣ зада ба ҳиҷои якуми морфемаи решагӣ меафтад. Хусу­сият­ҳои дастури (грам­ма­тики)-и забони олмонӣ: категорияҳои дас­ту­рӣ ба тарзҳои син­те­ти­кӣ ва аналитикӣ ифода меёбанд; исмҳо дорои кате­го­рия­ҳои ҷинсият (мардона, занона, миёна), шумора (тан­ҳо, ҷамъ), ҳолат (падеж; ниҳодӣ — No­minativ; poӣ — Akkusativ; боӣ, ба васила — Genetiv; барои, ба, сӯи — Dati­v) мебошанд. Категорияи ҷинсият ба воситаи пасванд­ҳо, накара (артикл), ҳолатҳо ба воситаи накара ва анҷо­ма­ҳо ифода меёбанд. Тасрифи феъл аз рӯи шахсу шумора сурат мегирад. Феълҳо 4 замон, 3 си­ға, 2 тарз, 2 асос доранд. Хусусиятҳои наҳви (синтак­сисӣ)-и забони олмонӣ: ҷумлаҳои сода ва мураккаб (тобеъ ва пайваст) мавҷуданд. Тартиби калимаҳо дар ҷумла ба хусусияти маъноии ҷумла вобас­тагӣ доранд; ба ғайр аз тартиби асосӣ — мубтадо +хабар + аъзои пайрав ҷумлаҳо бо тартиби баръакс низ сохта мешаванд; калимаҳои саволӣ дар аввали ҷумла меоянд. Дар забони олмонӣ калимасозӣ бо роҳи ба ҳам пайвастани калима басе маъ­мул аст. Калимаҳои мураккаби иборат аз 2-3 ва баъзан 6-7 калима (63 то 79 ҳарф) вомехӯранд. Дар кали­ма­со­зӣ вандҳо (аффиксҳо) — пешвандҳо, пасвандҳо низ ба кор бурда мешаванд. Таркиби луғавии забони олмонӣ, асосан аз ка­ли­маҳои решагии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ташаккул ёфтааст. Калимаҳои иқтибосӣ аз забонҳои лотинӣ, юнонии қадим, итолиёӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ибрӣ, идиш, чиӣ, ҷопонӣ, туркӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ, арабӣ (Mat­rat­re, Arsenal, Elixir, Ziffer ва ғайра) вомехӯранд. Истилоҳоти хешовандӣ дар забони олмонӣ Vater «падар», Mutter «модар», Bru­der «бародар», Schwester «хоҳар» ва ғ. дар забонҳои ҳин­ду­аврупоӣ аз як мабдаанд. Муҳаққиқон таърихи забони олмониро ба чор давра — олмонии болои қадим (асрҳои 8-9), олмонии болои миёна (асрҳои 12-13), олмонии болои аввалияи нав (асрҳои 14-16), олмонии болои нав (аз садаи XVII) ҷудо кардаанд.

Мақолаи асосӣ: Алифбои олмонӣ

Дар асрҳои 8—9 олмонизабонон дини масеҳиро қабул карданд ва дар асоси хатти лотинӣ алифбои забони олмонӣ таҳия гардид. Алифбои имрӯзаи забони олмонӣ чунин аст:

Ҳарф Ном Ҳарф Ном Ҳарф Ном Ҳарф Ном Ҳарф Ном
A a а F f эф L l эл Q q ку (Ü ü) у-умлаут
(Ä ä) а-умлаут G g гэ M m эм R r эр V v фау
B b бэ H h ха N n эн S s эс W w вэ
C c тсэ I i и O o о ((ẞ) ß) эстсет (sz) X x икс
D d дэ J j йот (Ö ö) о-умлаут T t тэ Y y ипсилон
E e э K k ка P p пэ U u у Z z тсет


Барои мустаҳкам гардидани мақоми забони адабии юно­нӣ пайдоиши чопи китоб (Ё. Гутенберг дар садаи XV ихтироъ кард) мусоидат намуд. Барои ташаккули забони адабии олмонӣ тарҷумаи Инҷилу Таврот аз ҷониби М. Лютер низ нақши муҳимме дошт. Дар садаи XVII — нимаи аввали садаи XVIII дар инкишофу рушди забони адабии олмонӣ ада­биёти бадеӣ, нашрияҳои даврӣ, осори илмии фалсафии нахустин маорифпарварон (К. Томазиус, Х. Волф) таъсир расонданд. Давраи ниҳоии рушди забони адабии олмонӣ ба нимаи дуюми садаи XVIII — давраи пайдоиши фалсафа ва зебоишиноси (эстетика)-и олмонӣ рост меояд. Омӯзиши забони олмонӣ дар садаи XVII оғоз ёфтааст (анҷуманҳои ватандӯстон ва дӯстдорони забон). Дастурҳои забони олмонии Ю. Г. Шоттел, И. Бе­дикер мутобиқан соли 1663 ва 1690, дар садаи XVIII дастур­ҳои И. К. Готшед (1748) ва фарҳанги И. К. Аделунг (1774-86) пайдо шуданд. Дар таҳқиқи забони олмонӣ — таъйини қоидаҳои имло, таркиби луғавӣ ва дастурҳои он ҳиссаи муҳаққиқ К. Дуден (1829—1911) бузург аст.

Забони адабии муосири олмонӣ дар се кишвар — Олмон, Утриш, Швейтсария амал менамояд, ки аз ҷиҳати забони гуфтугӯӣ, меъёрҳои дастурӣ, калимасозӣ, таркиби луға­вӣ, савтиёт аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Соли 1964 дар Манҳейм Пажӯҳишгоҳи таҳқиқ ва иттилоот оид ба забони олмонӣ таъсис ёфт, ки дар он ҷо масоили рушди забони олмонӣ, маданияти нутқ омӯхта мешавад. Ташкилоти ғайридавлатӣ — Пажӯҳишгоҳи ба номи Ё. В. Гёте (соли таъсис 1951) барои интишори забони олмонӣ дар кишварҳои хориҷӣ саҳмгузор аст. Шуъба­ҳои он дар 92 кишвари дунё амал мекунанд.

  • Жирмунский В. М. История немецкого языка. М., 1948;
  • Brukmamm H. Die deutsche Sprache. Gesalt und Liestung. 2. Aufl. Dus­sel­dorf, 1971;
  • Адмони В. Г. Синтаксис современного немецкого языка. Л., 1973;
  • Зуева А. Н., Молчанова И. Д. и др. Словарь сло­­­во­­обра­зовательных элементов немецкого языка. М., 1979;
  • До­маш­нев А. И. Современный немецкий язык в его национальных вариантах. Л., 1983;
  • Филичева Н. И. Диалектология немецкого языка. М., 1983;
  • Абрамов Б. А., Семенюк Н. Н. Немецкий язик // Линг­вис­ти­че­с­кий энциклопедический словарь. М., 1990;
  • Филичева Н. И. Немецкий литературный язык. М., 1992;
  • Левковская К. А. Немецкий язык. Фо­не­тика, грамматика, лексика. М., 2004;
  • Снегирёва Н. С. Син­таксис немецкого языка. Syntax derd eutschen Sprache: Theorie, Übun­genund Textbeispiele. Омск, 2004;
  • Ольшанский И. Г., Гусева А. Е., Лексикология: Современный немецкий язык. М., 2005;
  • Зеленский А. Л. Истоки немецкого языка. Калуга, 2006;
  • SiebsTh. Deutsche Aus­sprache — Reineundgemä ßigte Hochlautungmit Aussprache­wörter­buch. Berlin, 2007;
  • Pahlow H. Deutsche Grammatik — einfach, kom­paktun­dübersichtlich. Leipzig, 2010;
  • Бах А. История немецкого языка. М., 2011.\