Меҳрии Араб
Зоҳир
Мир Сайидалӣ ибни Мирмусоиди Омулӣ Меҳрии Араб (форсӣ: سیدعلی مهری عرب[1]; ? — қарни XVII) — шоири форсигӯи асри сафавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба арабию форсӣ шеър мегуфт. Дар дарбори султон Ҳусайни Сафавӣ хидмат карда, ба унвони «маликушшуаро» соҳиб шудааст. Меҳрии Араб дар шеър гоҳо «Меҳр» ва «Сайид» низ тахаллус мекардааст. Меҳрии Араб соҳибдевон аст. Як нусхаи девони ӯ, ки тақрибан 5600 байт дорад, дар китобхонаи Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз асг. Дар баёзу чунгҳо аз ашъори Меҳрии Араб намунаҳои зиёде сабт шудааст. Аз байни осори Меҳрии Араб маснавии «Саропо» шӯҳрат доштааст. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» низ дорад, ки аз он нусхаи ноқисе боқист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ سیدعلی مهری عرب. ویستا. 22 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Меҳрии Араб / С. Асадуллоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).