Jump to content

Резпардоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Микропрацессор)

Микропратсессор (англ. Microprocessor), резпардоз ё резпардозанда (форсӣ: ریزپرداز، یا ریزپردازنده‎) — асбоби х86 эълон кардаанд, ки 26- уми феврали соли 1999 номгузори карда шудааст. Ядро Pentium III намоиш медиҳад, ки дар худ ядрои Deschutes барои истифодаи процессори Pentium II мебошад. Бо фарқияти пештар васеъ кардани камандаҳо дохил кардани асбоби SSE ва корҳои хотираи у. Ин имконият дод, ки бисёртар кардани асбоби SSE дар ҷумлаҳои нав истифода баранд ва ҳамин тавр дар будани кораш ва хотираи у. Ҳамин тариқ гузаронидани 64 бити рақамҳои адади мувофиқ барои ҳар яки процессор мебошад.

Соли 1965 яке аз асосгузорони ширкати мазкур Гордон Мур дар асоси мушоҳидаҳо собит намуд, ки миқдори транзисторҳо дар протсессорҳои ҳисоббарор дар як сол 2 маротиба зиёд мешавад. Таносуби мазкур (1:2) дар оянда ҳамчун «Қонуни Г. Мур» шинохта шуд. 10 сол пас ӯ қонуни худро тағйир медиҳад: 2:2, яъне мувофиқи он миқдори транзисторҳои протсессор дар 24 моҳ 2 маротиба меафзояд (баъдан таносуб боз тағйир меёбад – 18-24:2). Вале, афзоиши экспоненсиалии бузургиҳои физикӣ ҳадду канор дорад ва оғоз аз ибтидои асри ҷорӣ ширкати Intel барои таъмини иҷроиши қонуни мазкур муаммоҳои мураккаби технологиро ҳал карда истодааст. Масалан, навъҳои охирини протсессорҳои силсилаи Core i7 насли 6 (SkyLake, 2015) ва 7 (Kaby Lake, 2016), ки дар асоси технологияи 14 нанометрӣ (андозаи транзистор) истеҳсол шудаанд ва насли 8 (Cannonlake, 2017), ки дар асоси технологияи 10 нанометрӣ истеҳсол шудааст ба таносуби қонуни Г. Мур бо кӯшишҳои зиёд мувофиқ омаданд. Ибтидои соли 2017 бошад, ширкати Intel барои ба роҳ мондани технологияи 7 нанометрӣ ба мукаммал намудани коргоҳҳои худ оғоз намуд, ки бояд ояндаи наздик ба анҷом расад[1].

Аз ибтидо электроникаи рақамии протсессорҳои марказии компютерҳои анъанавӣ дар асоси (ё платформаи) кремний (Si) кор карда баромада мешавад. Дар 35 соли охир миқдори транзисторҳои дохили чунин микропротсессорҳо зиёда аз 5 дараҷа афзуд ва ҳоло беш аз 161010"> адад мебошад. Дар ин муддат зуддии тактии микропротсессорҳо (миқдори амалиёт дар сония) низ (аз 5-10 МГц) ба якчанд дараҷа афзуда, солҳои 2003-2004 то ба 4ГГц расид (ҳадди назариявӣ 10ГГц). Вале пас аз он дигар афзоиши зудди тактии микропротсессорҳо мушоҳида нашудааст. Сабаби асосӣ – ин баланд шудани ҳарорат дар дохили микропротсессор мебошад. Масалан, микропротсессорҳое, ки 40 сол қабл истеҳсол мешуданд ба радиаторҳо мӯҳтоҷ набуданд, зеро дар дохили онҳо ҳамагӣ то 25-30 ҳазор транзистор фаъол буда, ҳарорати назаррас ба вуҷуд намеомад. Вале солҳои 2003—2004 миқдори транзисторҳо мутаносиб ба тартиби 16107"> адад шуд, ки ин теъдод ҳадди ниҳоӣ барои таҷҳизотҳои хунуккунии ҳавогӣ мебошад. Бинобар он, дар солҳои оянда (пас аз 2004) истеҳсолкунандагон на дар самти зиёд намудани миқдори транзисторҳои ядрои микропротсессор, балки дар самти зиёд намудани ядроҳо фаъолият бурданд (рушди горизонталӣ).

Ширкати Intel ба таври анъанавӣ тақрибан аз чор се ҳиссаи сектори бозори микропротсессорҳои компютериро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Боқимонда (амалан то 22-23%) ба ширкати AMD тааллуқ дорад.

Ҳоло, як қатор роҳҳои ҳалли муаммои ҳарорати баланд мавриди таҳқиқ қарор дорад, ба монанди – хомӯш намудани исми ғайрифаъоли микропротсессор (dark silicon), истеҳсоли микропротсессорҳои алоҳида барои масъалаҳои ҷудогона, татбиқи технологияҳои нави паст намудани ҳарорат, мантиқи реверсивии адиабатӣ (adiabatic computing) бо истифода аз принсипи Р. Ландауэр, архитектураи катакчаҳои квантӣ (QCA-технология) ва ғайра.

Дар ин радиф, ба таври алоҳида муҳокима намудани технологияи ба таври куллӣ фарқкунанда, ки идеяи он ҳанӯз дар асри гузашта баён шуда, 15-20 соли охир олимон барои амалӣ шудани он ҷидду ҷаҳд менамоянд, бамаврид мебошад.

  1. Фарҳод ШОКИРОВ. Компютерҳои квантӣ(тоҷ.), Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа) — №1 (9), 2018. Проверено 26 феврали 2018.