Jump to content

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008 оғоз гардид. Соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» ба тасвиб расид. Мутобиқи банди якуми қарори мазкур дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии шакли истеҳсолию инноватсионии «Суғд» дар масоҳати 320 гектар замин таъсис ёфт.

Ҳаҷми сармояи мустақим ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 - 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» то имрўз 27 субъект ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015, зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд Корхонаи коркарди чӯбу тахтаи «Арча», ки дар назди ҶДММ «Фортуна КО» бунёд шудааст, ифтитоҳ шуд. Оид ба истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки соли 2015 аз ҷониби ҳамаи субъектҳо ба маблағи 57,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 55 миллион сомонӣ рост меояд.[1]

Саҳми соҳибкорони ватанӣ дар соли 2024

[вироиш | вироиши манбаъ]

19 ноябри соли 2024 Корхонаи «Сайри Суғд» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи «Сайри Суғд» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров бо маблағи 23 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20000 бозичаҳои кӯдаконаро ташкил медиҳад. Айни замон дар корхона 14 тамғаи мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд, ки тамғаҳои мазкур бо иқтидори борбардорӣ ва дигар мушахассоти техникӣ фарқкунандаанд. Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият доранд ва тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар расонида хоҳад шуд.[2]

МОИ-ӣ Тоҷикистон дар соли 2020

[вироиш | вироиши манбаъ]

19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.[3]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]