Jump to content

Мирамони Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирамони Деҳлавӣ

Мирамони Деҳлавӣ (қарни XVIII — қарни XIX) — нависанда ва тарҷумони аҳли Ҳинд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи яке аз ашрофони Деҳлӣ. Дар Калкатта солҳои 1801—1806 забони ҳиндустониро ба инглисизабонон дарс медод. Дар тайёр намудани китобҳои дарсӣ иштирок менамуд. Китоби «Чор дарвеш»-ро аз форсӣ бо унвони «Боғу баҳор» (1802) ва «Ахлоқи Муҳсинӣ»-ро бо номи «Ганҷи хубӣ» ба лаҳҷаи гуфтугӯии шаҳри Деҳлӣ тарҷума намудааст. Мирамони Деҳлавӣ дар тарҷумаи ин китоб кӯшидааст, ки сабки тумтароку пуртакаллуфи насри урдуро ба забони зиндаи гуфтугӯӣ наздик кунад.

  • Мирамони Деҳлавӣ / И. Нуров // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).