Бақои Мираконӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Мирбақохоҷаи Мираконӣ)
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Бақо Мирбақохоҷаи Мираконӣ (қарни 19) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар қасабаҳои наздики Бухоро, дар хонадони содот (саййидон), ба дунё омадааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, улуми мутадовилаи даврашро омӯхтааст. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ аз ӯ чун шахси фозилу донишманд, дӯстдори мусоҳибати аҳли фазлу камол ёд мекунад. Монанди аҷдоди худ дар мансабҳои давлатӣ хидмат мекард. Ашъораш дар анвои шеърии қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. ба воситаи тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Оҳ аз савдои ҳасратмояи нобуди ман,
Ҷуз зиён пайдо намегардад дигар аз суди ман!
Як шарар дилгармие аз оташам пайдо нашуд,
Оламеро ашки ҳасрат об кард аз дуди ман...
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.
- Бақо, Мирбақохоҷаи Мираконӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.