Мирдарди Деҳлавӣ
Намуди зоҳирӣ
Мирдарди Деҳлавӣ | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд: | 1721[1][2] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 6 январ 1785[3] |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Навъи фаъолият: | шоир |
| Забони осор: | урду[3] |
Мирдарди Деҳлавӣ (форсӣ: دَرْد دهلوی[4]; 1721, Деҳлӣ — 1785, ҳамон ҷо) — ориф, нависанда ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи шоири соҳибдевон Муҳаммадносири Андалеб. Мирдарди Деҳлавӣ ашъорашро ба форсӣ ва урду менавишт. Аз ӯ ду девони ғазалиёт (яке ба форсӣ, дигаре ба урду) боқӣ мондааст. Ба қалами шоир асарҳои мансури «Асрори салавот» ва «Воқеоти Дард» низ мансубанд. Инчунин чор рисола — «Нолаи Дард», «Оҳи сард», «Дарди дил», «Шамъи маҳфил» ҳам аз таълифоти ӯянд (ҳар чаҳор соли 1803 ба табъ расидаанд). Шеър ва рисолаҳоро дар пайравии асари падараш — «Нолаи Андалеб» навишта будааст. Мирдарди Деҳлавӣ инчунин аз мусиқидонони замони худ буда, чанде аз асбобҳои мусиқиро бо маҳорати баланд менавохтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Universalis — Encyclopædia Britannica Inc., 1968.
- ↑ https://data.cerl.org/thesaurus/cnp01172768 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ درد | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 14 июни 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирдарди Деҳлавӣ / С. Акрамов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).