Мирзоато
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Мирзоато (қарни XVIII — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро касби камол кардааст. Бо тахаллусҳои «Мирзоато» ва «Ато» шеър гуфтааст. Аз Мирзо Ато танҳо як нусха девони ғазалиёт боқист, ки солҳои 1846—1847 китобат шуда, 547 ғазалро дар бар мегирад. Ғазалиёти ӯ соддаву равон буда, бештар дар пайравии Ҳофиз ва Соиб супурда шудаанд. Дар ашъори Мирзо шикоят аз беадолатиҳои замона ва ифшои нуқсонҳои иҷтимои бисёр аст. Ҷараёни зиндагии Мирзо Ато хеле бад гузаштааст. Дар девони ғазалиёти ӯ шеърҳои зиёде ҳаст, ки пайваста аз фақирию тангдастиҳои худ шикоят менамояд. Мирзо сабаби ин фақирию нотавониҳои худро аз сахтию тангӣ ва бенизомиҳои замонаи зулмбунёд медонад. Аз ҷумла дар ин чанд байти ғазал мегуяд:
Намегӯи, фалак, бо ман ту хасми аз чи рӯ орӣ,
Ки ҳар дам пур кунӣ аз бодаи ғам ҷоми сабҳоям?
Зи доги дил задам оташ, бар аъзоям кард таъсире,
Гуле бар сар ниходам хори ӯ берун шуд аз поям.
Ба як охи сахар афлокро зеру забар созам,
Агар берун барояд як шарар аз санги хороям.
Мирзо дар ғазалиёти худ бо тасвири ҳаёти вазнини табақаи поёнӣ иҷтимои маҳдуд намегардад. Ӯ бо сӯзу гудоз сабабгорони ин ҳама бадбахтиҳоро тавассути образҳои шинам ва гуногуни бадеи сахт маҳкум месозад. Чунончи шоир гуфтааст:
Лағаткуби ҳаводис ҷону дил ҳар лаҳза мегардад.
Кашам аз дасти абнои замон хар лаҳза хориҳо.
Ба мотамхонаи гардун зи гардиш чарх бемор аст,
Фалак пушад либоси нили аз беҷойгардиҳо.
Харчанд ин шеърхо хузноваранд, вале аз онҳо садои эътирози шахсони помоли ходисоту бедодиҳои рузгоргардида баланд шунида мешавад. Мирзо захирае дар гирдоби ноумедихо ба дасти қисмат аст, аммо ботинан кахрамони лирикии ӯ азми матин ва рухияи некбинонае дорад:
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзоато / У. Каримов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).