Jump to content

Мирзо Оқохони Нурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Оқохони Нурӣ
форсӣ: میرزا آقاخان نوری
Подшоҳ Носируддиншоҳ
Пешгузашта Амиркабир
Ҷонишин Мирзо Ҷаъфархон Мушируддавла

Таваллуд 1807
Даргузашт 19 март 1865(1865-03-19)
Дудмон Khajeh Nouri family[d]
Фарзандон Mirza Kazem Khan Nizam al-Molk[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзо Оқохони Нурӣ (форсӣ: میرزا آقاخان نوری‎, машҳур ба Эътимодуддавла; 1807, Теҳрон19 март 1865, Теҳрон) — дувумин садриаъзами Носируддиншоҳи Қоҷор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Насруллоҳхони Нурӣ (баъдан маъруф ба Мирзо Оқохон ва мулаққаб ба Эътимодуддавла) дар соли 1807 ба дунё омад. Падараш Мирзо Асадуллоҳ аз аҳолиии Нури Мозандарон ва хонадони Хоҷа Нурӣ ва ҷузъи аввалин касоне буд, ки ба ҳангоми ҷамъовари сипоҳ тавассути Оқомуҳаммадхон дар Мозандарон ба вай пайваст ва роҳи рушду тараққиро паймуд то ба мансаби «лашкарнависибошӣ» (вазири лашкар) расид. Ҳангоме, ки Мирзо Асадуллоҳхон аз дунё рафт, чанд тан аз фарзандони ӯ дар хидмати Фатҳъалишоҳ машғули анҷоми вазифа буданд, кӯчактарини онҳо Мирзо Оқохон буд. Гарчи вай навҷавоне беш набуд, аммо ба сабаби ҷавҳари зотӣ ва фитрӣ, аршаду болотар аз соирин буд. Вай дар дарбори Қоҷор оризи сипоҳ ва лашкарнависи даргоҳ гардид ва баъд аз чанде ба мансаби визорати лашкар расид.[1]

  1. Хурмуҷӣ, Муҳаммад Ҷаъфар; Ҳақоиқу-л-ахбоари Носирӣ, ба кӯшиши Ҳусайн Ҳидев Ҷам, Теҳрон, нашри Най, чопи дувум, 1363, с. 106.