Jump to content

Мирзо Солеҳов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Солеҳов
Мирзо Солеҳов
Таърихи таваллуд 15 март 1950(1950-03-15) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Энсиклопедияи Советии тоҷик, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010)

Мирзо Солеҳоволим, адабиётшинос, номзади илмҳои филология (1987), дотсент (1989), “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Солеҳов 15 марти соли 1950 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1973). Фаъолияташ ба ҳайси муҳаррири илмӣ дар сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик (1973-1974) оғоз гардида, баъд ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гузашта, солҳои 1975-1985 мудири кабинет, 1985-1987 ассистенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, 1987-1989 муаллими калон, 1989 дотсент ва аз соли 2009 мудири кафедраи факултаи филогияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ ҳамзамон дар макотиби олии Душанбе ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ҳамкор фаъолият намудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 80 таълифоти илмӣ мебошад. Ҳамчун муҳаррир, якчанд асару таълифоти адабӣ ва илмии адибону олимонро бо шарҳу тавзеҳот ва таҳияи мутун мунташир сохтааст.

Теъдоди мақолаҳои илмӣ, илмии омавӣ, методӣ, ки дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва маҷаллаю рӯзномаҳо ба табъ расонидааст, бештар аз 200.

  • Шоири тавоно. - Д.: Ирфон, 1990;
  • Андеша ва маърифати адабӣ. - Д.: 2001;
  • Арӯз ва омӯзиши он. - Д.: 2005;
  • Дар ҳарими сухансанҷӣ. - Д.: 2011.
  • Солеҳов тавъам бо омӯзишу таҳқиқи масоили гуногуни адабиётшиносӣ, инчунин дар таҳияи осори манзуми мансури адибони форс-тоҷик саҳм дорад:
  • “Рубоиёти Хоқонии Шарвонӣ”, Д., ;
  • “Анвори Суҳайлӣ” (Дар китоби “Дурдонаҳои наср”. Ҷ. 3, - Д.: Адиб, 1993);
  • “Саноии Ғазнавӣ”, “Рубоиёт” (Бо ҳаммуаллифии профессор М. Имомов), - Д., 2006;
  • “Дар боғи рӯшноӣ” (Таҳияи сарсухан ва матни шарҳу тавзеҳоти Аҳмад Маҳдии Домғонӣ бар “Ҳадиқат-ул-ҳақиқат ва шариъат-ул-тариқат”-и Ҳаким Саноии Ғазнавӣ). - Д., Ирфон, 2006;
  • “Гулчини андарзҳои Мавлавӣ аз “Маснавии маънавӣ”. - Д., 2008 ва диг.

Барои макотиби олӣ ва дабистонҳо китобҳои дарсӣ, васоити таълиму дастурҳои методӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла:

  • “Арӯз ва омӯзиши он”. - Д.: Илм ва ҳаёт. 2005;
  • “Адабиёти тоҷик барои синфи 10.” (Бо ҳамроҳии профессор У. Тоиров ва Р. Шарифов) - Д., 2008;
  • “Адабиёти тоҷик барои синфи 10.” Баёз. (Бо ҳамроҳии профессор У. Тоиров ва Н. Маҳмадхоҷа)”. - Теҳрон. 2010 ва ғайра.
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Д., 2008, соли 290-291