Jump to content

Мирзо Ҳусайни Лоҳиҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Ҳусайни Лоҳиҷӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):

Мирзо Ҳусайни Лоҳиҷӣ (форсӣ: میرزا حسن لاهیجی‎; 1635 — 1709) — файласуфи форс-тоҷики давраи сафавия, писари Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти маъхазҳо ӯ асаре бо номи «Шамсу-л-яқин» дорад. «Завоҳиру-л-ҳикам» қисме аз «Шамсу-л-яқин» аст. Дар «Завоҳиру-л-ҳикам» масъалаҳои таърифу тақсими вуҷуди моҳият ва вуҷуд, ваҳдат ва касрат, ҳодис ва қадим, моҳияти ҷисм, моддаву сурат, навъҳои ҳаракат, замон, макон, хало, ҳаракати афлок, нафс ва намудҳои гуногуни он баён гаштаанд.

  • Мирзо Ҳусайни Лоҳиҷӣ / М. Ҳазратқулов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).