Мирхатиби Хонанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирхатиби Хонанда

Мавлоно Мирхатиби Хонанда (?, Бухоро — 1540, Бухоро) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари мусиқӣ, шеърро аз падараш меомӯзад. Мирхатиб Барои такмили дониши мусиқиаш муддате назди Кавкабии Бухороӣ асосҳои мусиқии назариро омӯхта, сониян ба Самарқанд рафта, аз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Амир Алиакбари Қонунии Самарқандӣ сознавозӣ (қонун), таркиботи шеъру мусиқиро андӯхтааст. Мирхатиб дар ҳунари овозхонӣ равияи хоси хонандагиро дар иҷрои манзумаҳои ҳамосӣ, ишқӣ ва ирфонӣ ба ҳаёти мусиқии Самарқанду Бухоро ворид карда, дар ин равия пайравони зиёд дошт.

Ӯ дар шаклу анвои созию овозии «амал», «савт», «нақш», «қавл», «тарона»-ҳои гуногунмавзӯъ сохта, «Савти дилбаро», «Амали Хатиб», «Таронаи Мирхатиб», ки дар тазмини зарбу усулҳои мақомҳои «Раҳовӣ», «Рост» тасниф кардаашро ба Алидӯсти Ноӣ бахшидааст. Бо ҳамкории Алидӯсти Ноӣ дар тазмини усули шӯъбаи «Ҳисор» асари бисёрқисмаи «Пешрави Ҳисор», «Савти Ҳисор», «Таронаи Ҳисор»-ро тасниф карда, ба ҳокими Ҳисори Шодмон эҳдо намудааст. Мирхатиб табъи хуби шоирӣ дошт ва дар шеъру шоирӣ бо тах. «Хатиб» ғазалу мухаммас, мустазоду соқиномаҳо сурудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 161—162. — ISBN 978-99947-49-13-3.