Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мирхон Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирхон Саидов
Таърихи таваллуд 1906
Таърихи даргузашт 23 март 1978(1978-03-23)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Мирхон Саидов (1906, ноҳияи Когон, ҶШС Ӯзбекистон — 23 марти 1978, Душанбе) — давлатмард, сиёсатмадор ва муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1919—1923 коргари устохонаи чармгарии ш. Бухоро, 1924—1929 донишҷӯи факултети коргарии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш. Тошкент), 1929—1931 котиби Комитети комсомолии ноҳияи Панҷ, 1931—1933 директори Истгоҳи мошинҳо ва тракторҳои (МТС) Сари Камар, 1933—1934 муовини раиси Комиҷроияи ноҳияи Ҷиликул, 1934—1935 директори Истгоҳи мошинҳо ва тракторҳои Сари Камар, 1935—1937 шунавандаи Институти марксизм-ленинизми ш. Тошкент, 1937—1939 ҷонишини раис ва раиси Комиҷроияи ВМКБ, 1939—1940 Комиссари халқии нигаҳдории тандурустӣ, 1940—1945 комиссари халқии зироат, 1945—1949 комиссари халқии молияи ҶШС Тоҷикистон буд.

Солҳои 1949—1957 ҳамчун муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко оид ба шуъбаи шабона, 1958—1965 дотсент, мудири кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи номбурда кор кардааст.

Солҳои 1940—1949 депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 2-3) буд.

Ордену ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои «Ленин», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

  • Трудяхщиеся Таджикистана в борьбе за освоение Вахшской долины и создание в ней базы тонковолокнистого хлопка, Сталинабад, 1956.