Jump to content

Мисолии Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мисолии Кошонӣ

Мисолии Кошонӣ (форсӣ: مثالی کاشانی[1]; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик, шогирди Муҳташами Кошонӣ ва муаллифи маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун».

Аз тафсилоти зиндагиаш маълумоте нест. Соммирзои Сафавӣ дар «Туҳфаи Сомӣ» овардааст, ки ""Мисолии Кошонӣ дар шеър табъи баланд дошта, чунончи мехост, ки ҷавоби «Хамса»-и Низомӣ гӯяд, аммо ба итмоми он тавфиқ наёфт". Лекин аз таълифоти ӯ достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ба мо расидааст, ки ягона нусхаи дастнависи он дар Теҳрон (Эрон) маҳфуз аст. Назми достон соли 1493 ба ба анҷом расида, 3220 байтро дар бар мегирад.

  1. مثالی کاشانی. rasekhoon.net. 23 апрели 2024 санҷида шуд.
  • Мисолии Кошонӣ / С. Асадуллоев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).