Михаил Израилович Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Михаил Израилович Бобоев
Михаил Израилович Бобоев
Санаи таваллуд:

23 феврал 1925(1925-02-23)

Зодгоҳ:

Самарқанд, СССР

Санаи марг:

номаълум

Маҳалли марг:

номаълум

Фазои илмӣ:

иқтисод

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои иқтисод

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон

Михаил Израилович Бобоев (тав. 23.02.1925, ш. Самарқанд – ваф. номаълум), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1966), дотсент (1968).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1955 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1942–1944 курсанти мактаби ҳарбии ҳавоии ш. Ворошиловград, 1944–1945 курсанти мактаби ҳарбӣ-техникии ҳавоии ш. Кизил-Орда, 1945–1949 техники авиатсионии ш. Сахалин буд. Солҳои 1955–1960 ҳамчун муаллими иқтисоди сиёсии техникуми ш. Сталинобод, 1960–1991 муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1972–1980 вазифаи мудири кафедраи иқтисоди сиёсии донишкадаи номбурдаро ба ӯҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аст. Барои хизматҳояш бо 5 медал, нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Барои муваффақиятҳои аъло дар кор» қадрдонӣ карда шудааст. Тоҷикистонро тарк намудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]