Леонид Михайлов
Зоҳир
(Тағйири масир аз Михайлов Леонид Григоревич)
Леонид Григоревич Михайлов | |
Таърихи таваллуд | 28 феврал 1928 |
Зодгоҳ | д. Михайловкаи Бошкирдистон (Русия) |
Таърихи даргузашт | 15 март 2015 (87 сол) |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | академик,олим |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер |
Леонид Григоревич Михайлов (Зодрӯз 28 феврали соли 1928) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1967), профессор (1967). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи давлатии Қазонро хатм кардааст (1950), ихтисос – «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ, физикаи математикӣ ва таҳлили математикӣ.
- Мудири бахши математикаи ДДТ (1959-1963),
- мудири бахши муодилаҳои интегралии (1963-1969) Шуъбаи математика ва физика (аз соли 1964 ИФТ) АИ ҶШС Тоҷикистон,
- мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи Горкий (1969-1971),
- мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикии (1971-1999) Шуъбаи математика бо МҲ (аз с.1973 Институти математика бо МҲ, с.1994 Институти математика),
- мудири шуъбаи муодилаҳои физикаи математикӣ Институти математикаи АИ Тоҷикистон (1999-2005),
- мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии (2005 – то имрӯз) Институти математикаи АИ Тоҷикистон,
- и.в. ноиби президент ва раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика ва химияи АИ Тоҷикистон (1993 - 1994).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали Донишгоҳи Лютер (Олмон) ва медали ҷашнии 100-солагии академики АИР М.А.Лаврентев тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аъзои пайвасти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
- Михайлов, Леонид Григорьевич
- Михайлов, Леонид Григорьевич Бойгонӣ шудааст 4 марти 2018 сол.
Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 феврал
- Зодагони соли 1928
- Даргузаштагони 15 март
- Даргузаштагони соли 2015
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо