Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино - ҷойизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аст. Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино 1 марти соли 1967 бо Қарори Совети Вазирона ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино барои комёбиҳои намоёни илмӣ, барои асарҳое, ки ба ихтироъу истифодаи фоидабахштарини материалҳо, мошинҳо ва механизмҳо бахшида шудаанд, технологияи наву самарабахш, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешкадами истеҳсолӣ–техникӣ, ки дар хоҷагии халқ аҳамият дорад, барои иншооти техникии оригиналӣ, муваффакиятҳои барҷаста дар истеҳсолот дода мешавад. Ба ашхоси сазовори ҷойиза гардида диплом, нишони фахрӣ ва маблаѓи муайяни пулӣ супурда мешавад.

Аввалин дорандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино соли 1967 - Алоуддин Баҳоваддинов (фалсафа), Акбар Махсумов (кишоварзӣ), Зариф Раҷабов (таърих), Комил Тоҷиев (тиб).

Соҳибунвонҳо[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983. – с. 538-539.[1]