Монавия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Монавия, ойини монавӣ — ойине ирфонӣ ва омӯзае аз динҳои масеҳӣ, зартуштӣ, буддоӣ ва гинуси буд, ки Монӣ, писари Фотаки Ҳамадонӣ[1], онро дар садаи севуми мелодӣ дар Эроншаҳр бунён гузошт[2].

Аз рӯи таълимоти монавия дар олам ду қувван азалии ба ҳам зид — нуру зулмот, хайру шар вуҷуд доранд. Пар олами нур худою фариштаҳо дар олами зулмот деву иблис ҳукмронанд. Мувофиқи таълимоти монавия нур бо некӣ ва зулмот бо бадӣ муносибат дорад. Рух самараи нур, мабдаи некӣ, ҷисм (модда) самараи зулмот, мабдаи бадӣ аст. Рух асири ҷисм мебошад. Ба таълимоти монавия то дараҳае тахминхои диалектикии соддалавҳона хос аст, ки дар таъқиди доимӣ будани муборизаи байни зидҳо ва дар алоқамандӣ вуҷуд доштани онҳо падидор аст. Мазмуну моҳияти таърихи ҷаҳониро муборизаи доимии нур ва зулмот, рух ва модда, некӣ ва бадӣ ташкил медиҳад. Ин мубориза бо сӯхтори олам анҷом меёбад, ки дар натиҷаи он рух аз ҷисм (модда) ҷудо мешавад. Олам дар назари монавиён таҷассуми бахт мебошад. Одам низ вуҷуди муштарак буда вазифадор аст, ки ба нур ёрӣ расонад. Монавия зуҳду тақво, беникоҳӣ ва манъи хӯрокворӣ (истеъмоли моҳӣ, гӯшт, шароб ва ғ.)-ро тарғибу кизб, дуздӣ, сарватмандӣ ва моликияти хусусиро маҳкум мекунад. Таълимоти монавиён як навъ эътирози иҷтимоӣ буд. Вале монавия оммаи халқро на ба муборизаи фаъол, балки ба гӯшанишинӣ даъват мекард. Чунин тарзи фаҳмиши маъною мақсади ҳаёт аз унсури пессимистӣ холӣ набуд. Дар Ғарб монавия бо масеҳият омехта шуда, шакли бидъатро гирифт. Монавия дар асри 8 дар салтанати Уйғур дини ҳукмрон гардид. Дар асрҳои 8—9 монавия ба таъқиби сахти пайравони ислом дучор омад. Монавия ба ташаккули идеологияи як қатор фирқаҳои масеҳӣ (павликианҳо, қатарҳо, молоканҳо) ва мазҳакия мусоидат кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. راه توده ـ قیام های مردمی در ایران و نقش آفرینی مذهب در آن ها. www.rahetudeh.com. 19 май 2023 санҷида шуд.
  2. CATHOLIC ENCYCLOPEDIA: Manichaeism. www.newadvent.org. 19 май 2023 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Монӣ / А. Совиное // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Пигулевская Н. В.. Города Ирана в раннем средневековье, М., 1956;
  • Дьяконов М. М.. Очерк истории Древнего Ирана, М., 1961.