Jump to content

Мори ҷаъфарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мори Ҷаъфарӣ — чанд навъ мори заҳрдорест аз ҷинси шибо (масалан, Vupera raddei, Vupera ursini ва ғайраҳо). Vupera raddei дар Арманистон, ноҳияҳои ҳамшафати Туркия, Эрон маскун аст. Дарозиаш:100 ё 110 см. Рангаш хокистарии тира, пушташ холҳои норанҷии ҷигаритоб дорад. Ҷойи сукунаташ бешазори кӯҳи, шах ва ҷойҳои серсанг мебошад. Аз хоби зимистони моҳҳои апрел май мехезад. Мори шабгард аст. Vupera ursini аз кишварҳои Европаи Ғарби то Шарқи Қазоқистон, кӯҳсори КавказТёншон сукунат дорад. Онро соли 1870 дар ҳоволии шаҳри Хуҷанд А.А. Кушачевич доштааст. Чунин морро соли 1954 дар деҳаи Ҷӯйлангар-и райони Хавос-и ҶШС Ӯзбекистон низ мушоҳида кардаанд. Дарозиаш 35ё 55 см. Рангаш хокистари ё бӯртоб, пушташ рахи морпечи тира дорад. Дар даштҳо ва найзор зиндагӣ мекунад. Вақти говгум ва шабона (рӯзҳои абрнок инчунин рӯзона) мегардад. Ғизояш ҳашорот, мушу калламуш ва дигар зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ, инчунин калтакалос мебошад. Мори Ҷаъфарӣ ҳайвонотро бештар баҳорон ва тирамоҳ мегазад. Ҳодисаҳои аз газидани Мори Ҷаъфарӣ нобуд шудани чорво низ маълум аст. Мори Ҷаъфарӣ дар Тоҷикистон мори хеле кам ёфт аст.