Муайяди Насафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муайяди Насафӣ
Навъи фаъолият: шоир

Муайяди Насафӣ (форсӣ: مُؤیِّد نَسَفی[1]; ? — қарни XII), Муайидуддини Насафӣшоири қасидасарои форс-тоҷик, муаллифи «Паҳлавоннома» ва падари Шиҳоби Муайяд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан аз Насаф буда, дар Самарқанд умр ба cap бурдааст. Шоири дарбори Қapoхониён. Яке аз қасидаҳои Муайидиддуни Насафӣ ба мадҳи Паҳлавон Ҷалолуддин ном ҳоким бахшида шудааст. Бо унвони «Паҳлавоннома» достони қаҳрамоние навиштааст, ки ба ҳамин шахс бахшида шуда, тасвиру васфи қаҳрамониҳои ҷангии ӯро дар бар мегирад. Аз як қитъаи шоир маълум мегардад, ки ӯ қашшоқона умр ба cap бурдааст. Авфӣ дар тазкирааш аз осори шоир як қасида, ду қитъа ва як рубоӣ мисол овардааст. Сӯзании Самарқандӣ, ки ҳамасри Муайудиддуни Насафӣ буд, дар қасидаҳояш аз Муайудиддуни Насафӣ ва достони ӯ «Паҳлавоннома» ёдоварӣ кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. موید نسفی - ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. wikijoo.ir. 7 марти 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муайидуддини Насафӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).