Муборак Мамадҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муборак Юнусовна Мамадҷонова (тав. 8. 03. 1923, ш. Андиҷони ҶШС Ӯзбекистон – ваф. 28. 01. 2009, ш. Душанбе), географ, номзади илмҳои география (1955), дотсент (1962).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1942- 1946 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намуда, онро бо ихтисоси маллими география хатм намудааст. Солҳои 1946–1949 аспиранти кафедраи географияи иқтисодии донишкадаи номбурда буд. Аз соли 1946 дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст. Солҳои 1953–1954 декани факултети таъриху география, 1961–1978 мудири кафедраи географияи иқтисодӣ, 1978–2009 дотсенти кафедраи географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Муаллифи ду асар ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои географияи иқтисодӣ ва рушди минтақаҳои кӯҳӣ баррасӣ шудаанд. Дар муддати зиёда аз 50 соли кориаш дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисон саҳми худро гузоштааст. Дар симозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1990), «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1990), ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (1961), медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва бо ифтихорномаҳои Президуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қадронӣ карда шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Советский Союз (22 том, Таджикистан), М., 1968.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]