Муъин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Муин)
Муъин
форсӣ: معین
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 январ 1952(1952-01-19) (72 сол)
Зодгоҳ Исфаҳон
Солҳои фаъолият 1973 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) мусиқидон, овозхон, таронасаро, овозхони истудиё
Соз ъуд
Сабк мусиқии поп, ҷоз[d], trance[d], мусиқии рақсӣ, попи эронӣ[d] ва мусиқии суннатии эронӣ[d]
Ношир(он) Avang Music[d], Caltex Records[d] ва Taraneh Records[d]
moeinmusic.com
yektamusic.com/tag/moein/
 Парвандаҳо дар Викианбор

Насруллоҳ Муъин Наҷафободӣ (форсӣ: معین‎) — машҳуртарин сарояндаи форсизабони Эрон. Сурудҳои ӯро дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон, мамолики арабу Туркия ва Амрикову Аврупо гӯш мекунанд.

Даврони наврасӣ ва ҷавонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъин соли 1951 дар маҳаллаи Наҷафободи шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Исфаҳонро он замон шаҳри ҳунармандону ҳунармандон мешинохтанд. Муин зодгоҳашро хеле дӯст медошт. Замоне, ки Теҳрон маркази санъату ҳунар гардид Муъин ба он ҷо нарафт ӯ дар Исфаҳон – дар меҳонхонаи «Шоҳ Аббос» ҳунарнамоӣ мекард, то даме ки бо сабабҳои сиёсӣ тарки ватан гуфт. Дар бораи муҳаббати беандозаи Муъин ба зодгоҳаш, пурсӯзу гудоз иҷро намудани суруди машҳури «Бозам михом ба Исфаҳон баргардам» аст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муъин соли 1982 баъд аз сурудани суруди «Якеро дӯст медорам» аз Эрон ба шаҳри Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷират кардааст. Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ иброз доштааст, ки ин сурудро пас аз Ҳоида (сарояндаи машҳури он замон) сурудааст. Вале Муъин ин сурудро ба таври худ сурудааст ва маҳз он ба ӯ шуҳрат овардааст. Дар солҳои минбаъда албомҳои Муъин аз сабаби ошкорбаёнияшон (ки дар Эрон мамнӯъ буд) ва дар мавзӯи муҳоҷирату ғарибӣ буданашон диққати муҳоҷирини эрониро бештар ба худ ҷалб карданд. Албомҳои «Каъба», «Ҳавас», «Исфаҳон», «Мепарастам», «Париче» пазироии ҳамагон гардиданд. Сабки сурудани Муъин чунон марғуб буд, ки сурудаҳояш натанҳо дар Эрон, балки дар Аврупову Амрико, ки аз муҳоҷирони эронӣ пур шуда буданд, машҳур гардиданд. Ҳаводорони Муъин дар Тоҷикистон низ хеле зиёданд ва ба хотири онҳо дар "Кохи Борбад" Муъин консерти худро баргузор карда буд.

Ҳоли ҳозир[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар айни замон Муъин 23 албом ва як суруди берун аз албомҳояшро (суруди «Танини сулҳ» бо ҳамроҳии Муртазо, Андӣ, Куруш ва Фаттона) пешниҳоди мухлисонаш гардонидааст.

Консерти Муъин дар Амстердам, соли 2015

Албомҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мепарастам (1983)
  • Орзу (1984)
  • Ҳавас (1985)
  • Каъба (1986)
  • Гулҳои ғурбат (бо Ҳоида) (1987)
  • Сафар (1987)
  • Бибигул (1988)
  • Субҳат ба хайр азизам (1989)
  • Исфаҳон (бо Фаёзеҳ) (1990)
  • Бе ту меандешам (1991)
  • Намоз (1992)
  • Хотира 7 (бо Шоҳреҳ) (1992)
  • Таваллуди ишқ (1994)
  • Моҳсафар (1995)
  • Панҷара (1997)
  • Муаммо (1998)
  • Парвоз (2000)
  • Лаҳзаҳо (2002)
  • Тулуъ (2007)
  • Нав (2020)

Сурудҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Хотираҳо (2010)
  • Ҳамдам (2011)
  • Бачаҳои Албурз (2011)
  • Дилам танге (2012)
  • Маҷнун (2012)
  • Мардум (2012)
  • Гули ноз дорам (2013)
  • Паранда (бо Сиёвуши Ғумайшӣ) (2013)
  • Оғуш (2013)
  • Таркам накун (2013)
  • Ҳавои хона (2014)
  • Бе ту мадюнам (2014)
  • Ту, ки тамоми дунёмӣ (2014)
  • Шомил (2015)
  • Оташи дил (2015)
  • Ошиқ ки боши (2015)
  • Бе ту наметонам (2016)
  • Чи соле беше имсол (2016)
  • Канори ту (2017)
  • Ҷони ман (2017)
  • Девонагӣ накун (2017)
  • Санги хоро (2018)
  • Шухи сафар (2018)
  • Хуни орзу (2018)...[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]