Jump to content

Мулло Абдулмаҷиди Музтариб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулло Абдулмаҷид Музтариб
Таърихи таваллуд: 1844(1844)
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1896(1896)
Навъи фаъолият: шоир

Мулло Абдулмаҷиди Музтариб (1844, Бухоро — 1896/97, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возеҳ, Муҳтарам ва Садриддин Айнӣ («На­мунаи адабиёти тоҷик») Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Муҳтарам дар шоирӣ ӯро «соҳиби тарзи ҷадида номидааст. Музтариб яке аз мухлисони Аҳмади Дониш ва Шо­ҳин будааст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Meроси адабии Музтариб асо­сан аз қасида, ғазал, мусаммат ва рубоӣ иборат аст, ки намунаҳои онҳо дар маҷмӯаю баёзҳо ва тазкираҳои асрт 19 ва 20 бисёр ба назар мерасанд. Девон надорад. Маҳорати шоирии Музтариб дар ғазалиёти ҳаҷвӣ ва мутоибот, дар шеърҳои лирикии ишқӣ, ки равону содда сурудааст, зоҳир мегардад. Музтариб дар ҳаҷвиёт аз калимаю таъбироти гуфтугӯии мардум истифода намудааст. Дар ғазалиёт ва ҳаҷвиёту мутоиботи Музтариб мазмуну оҳангҳои шикоят аз замон ва камбизоатию тангдастии худ, норозигӣ аз ҳасудону бадгӯёнаш мушоҳида мешаванд.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шарми он ду орази гулнор себи сурх,
Дар хун кашида ҷомаю дастор себи сурх.
Бар ҳалқаҳои зулф аз он руйи оташин,
Гӯӣ, ки ҳаст бар даҳани мор себи сурх.
Дида ба боғ ҷумлагӣ он рӯзи дилфурӯз,
Худро фиганда бар сари бозор себи сурх.
Дорад ба пастӣ майл, сари шохи ӯ макан,
Аз шарми рӯйи туст гаронбор себи сурх.
Дар пеши оразаш ба тавозӯъ фиканда сар,
Дорад ба аҷзи хештан иқрор себи сурх.
Азбас кашид бори хиҷолат зи ёри хеш,
Тарсам, ки бор н-оварад ин бор себи сурх.
Бандад гаҳе зи ноз даҳон он ба мисли ту,
Моҳи турунҷ ғабғабу рухсор себи сурх.
Азбаски дошт дида, шамидем, Музтариб,
Ранги ҷамолу буйи хати ёр себи сурх.
Басе хубон ба олам офариданд,
Вале монанди ӯ кам офариданд.
Хаданги новаки мижгони ӯро,
Ба хунрезӣ мусаллам офариданд.

  • Музтариб / Ҳ. Самадов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).