Мунири Лоҳурӣ
Шаҳрвандӣ (табаият): |
---|
Абулбаракот ибни Абдулмаҷид Мунири Лоҳурӣ (форсӣ: ابوالبرکات منیر لاهوری; ? — 1644) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Назар ба қавли худи шоир ашъори ӯ 100 ҳазор байтро ташкил мекардааст. Мунири Лоҳурӣ маснавиҳои «Рамзу Имо», «Нуру Сафо», «Обу Ранг», «Созу Барг», «Дарду Алам» ва рисолаҳои «Користон», «Сироҷи Мунир», «Шарҳи қасоиди Урфӣ»-ро навиштааст. Ғайр аз ин Мунири Лоҳурӣ соли 1640 тазкирае дар бораи аҳволу осори шоирони форсизабони Ҳинд таълиф кардааст. Дар китобхонаи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Узбекистон ба номи Абӯрайҳони Берунӣ маснавии мавсум ба «Ошиқ ва Маъшуқ» мақфуз аст, ки онро низ ба Мунири Лоҳурӣ нисбат медиҳанд. Руқаоти Мунири Лоҳурӣ дар китобхонаи Остони қудси Машҳад нигоҳ дошта мешаванд. Як нусхаи «Иншои Мунир» (зери рақами 2078) дар китобхонаи Индиа Оффис мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мунири Лоҳурӣ / С. Асадуллоев // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).