Мунҷики Тирмизӣ
Зоҳир
форсӣ: منجیک ترمذی | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Мунҷики Тирмизӣ (форсӣ: منجیک ترمذی) — шоири эронӣ.
Зиндагинома ва мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷики Тирмизӣ аз ҷумлаи шоирони машҳури охири ҳукмронии Сомониён аст. Мунҷики Тирмизӣ шоири дарбори амирони чағонӣ мебошад. Эҳтимол ӯ дар охири умраш бо подшоҳони ғазнавӣ робита пайдо кардааст. Мунҷик ба ҳазлу базлагӯӣ рағбат дошта, ба замми ин чангро низ хуб менавохта ва аз ин сабаб ӯро Мунҷики Чангзан ҳам мегуфтаанд. Шоири ҳиҷогӯи асри XII Сӯзании Самарқандӣ худро дар ҳаҷвгӯӣ бо Мунҷик чунин қиёс мекунад:
Ман он касам, ки чу кардам ба ҳаҷв гуфтан рой,
|
Аз меросии адабии Мунҷик то имрӯз дар ҳудуди 326 байт ҷамъ оварда шудааст.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дил бипардоз замонею манеҳ пушт бар ӯ,
- Ки падидор шуда девча андар намадо.
- Гаштам аз юмни мидҳати шаҳи дин
- Дар сухан бас табастағу шево.
- Гандум биёр аз Калак, аз Домғон бибар
- З-анвои меваҳову зи ақсоми ғаллаҳо.
- То ба дари подшоҳи одил рафтанд,
- Баста ба таркун - дарун фусулу хаторо.
- Ман фаромӯш накардастаму нахоҳам кард
- Он табуки чуву он товаи ашнони туро.
- Эй рухи ту офтобу ғамзаи ту яб,
- Кард фироқат маро чу заррин абяб.
- Хаставу ғамӣ шудам зи дарди ҷудоӣ,
- Ҳомию вомӣ шудам зи хастани манзаб,
- Ранги рухи ман чу ғамравот шуд аз ғам,
- Мӯи сари ман сапед гашт чу маҳраб.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Забебуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. ҷилди 1. Теҳрон, 1989. — 424-428 саҳ.
- Ашъори ҳамасрони Рудакӣ. Душанбе, «Адиб», 2007.