Jump to content

Муродқул Истамқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муродқул Истамқулов
Истамқулов Муродқул
Таърихи таваллуд 27 феврал 1947(1947-02-27) (77 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор беморхонаи клиникии ҷум.-вии №3 Қарияи Боло, беморхонаи ҷум.-вии №1 ҶТ, клиникаи хусусии «Луқмони Ҳаким»-и шаҳри Самарқанд.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ба номи ба номи И. П. Павлов

Муродқул Истамқулов (27.02.1947, м. Сулфакабудаки н. Самарқанд), пизишки амрози дохилӣ (терапевт). Номзади илмҳои тиб (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муродқул Истамқулов Техн. тиббии Самарқанд (1966), фак. табобатии Ин.-ути тиббии шаҳри Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1973). Омӯзгори Техн. тиббии шаҳри Самарқанд (1973-74), пизишки табобатгоҳи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ [1974-1975), пизишк., муд. шуъбаи гематологияи беморхонаи клиникии ҷум.-вии №3 Қарияи Боло (1975-1979), пизишки терапевти шуъбаи наркологии беморхонаи ҷум.-вии №1 (1979-1982), корм. каф. психиатрия (таҳти роҳбарии профессор М. Ғуломов, 1982-1984). Унвонҷӯи Ин.-ути гастроэнтрологияи АУ ҶТ (таҳти роҳбарии профессор Ҳамид Мансуров, 1984-1985). С. 1985 ба шаҳри Самарқанд бозгаштааст. Ассис., каф. 2-юми амрози дохилии Ин.-ути тиббии шаҳри Самарқанд (1985-1992). Аз соли 1992 – сарвари (табиби) клиникаи хусусии «Луқмони Ҳаким»-и шаҳри Самарқанд.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6