Браузер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мурургар)
Jump to navigation Jump to search

Мурургар ё мурургари интернетӣ (англ.  browser – варақ задан, дидан, хондан) — ба нармафзорҳои корбурди гуфта мешавад, ки барои дарёфт, намоиш ва мурури иттилоот аз веби ҷаҳонгустар мавриди истифода қарор мегирад. Ё манбаъи иттилоот бо як шиносогари якнавохти манбаъ шинохта мешавад. Ин манбаъ метавонад як саҳифаи Веб, тасвир, видео ва ё ҳар қитъаи иттилооти дигаре бошад.

Ҳар ҷанд мурургарҳо барои дастрасӣ ба Веби ҷаҳонгустар тарроҳи шудаанд, аммо аз онҳо метавон барои дастрасӣ ба иттилооти серверҳои веб дар шабакаҳои хусусӣ ва ё парвандаҳои дар системҳои парванда истифода кард. Мурургарҳо метавонад шуморо ба фазои маҷозӣ мутасил кунанд. Агар шумо бихоҳед аз ҳар гушаи гетӣ ба фазои интернетӣ даст ёбед ба як мурургари веб хуб ва корбурдӣ доред[1].

Мурургарҳо (Браузерҳо)[вироиш]

Барои аз назар гузаронидани HTML – ҳуҷҷатҳо таъминоти барномавии махсус лозим аст Барномаҳое, ки тавассути онҳо Web – саҳифаҳо хонда мешаванд, браузер (англ.  browser – варақ задан, дидан, хондан) номида мешаванд.
Веб-браузер – барномаи амалие мебошад, ки муҳтавои (мундариҷаи) файлҳои аз компютерҳои локалӣ ва дур бадастомадаро мутобиқ ба дастурамалҳои мавҷудаи ин файл намоиш медиҳад. Браузер (мурургар, воқеанигор) ҳамчун барномаи мизоҷи барои расонидани дархостҳо ба веб-сервери HTML – протокол мебошад.
Сараввал браузерҳо барои муоинаи ҳуҷҷатҳо аз Web-серверҳо истифода карда мешуданд, аммо рақобати байни истеҳсолкунандагони таъминоти барномавӣ ба пайдо шудани имкониятҳои иловагӣ оварда расонид. Дар натиҷа дар браузерҳои муосир замимаҳои имконнок барои дастрасии Интернет гирд оварда шудаанд.

Браузерҳои маъруфтарин[вироиш]

Саҳми истифода аз мурургарҳои веб, дар соли 2015 мелодӣ ██ Google Chrome ██ Firefox ██ Safari ██ UC ██ Iron ██ Internet Explorer ██ Opera ██ Android ██ Phantom ██ No info


Мурургарҳо (Браузерҳо). Дар замони ҳозир мурургарҳои зиёди (англ. Internet) мавҷуданд, ки аз рӯи тавсифот ба якдигар хеле монанд мебошанд. Мисоли онҳо барнома – мурургари (англ. Microsoft Internet Explorer), (англ. Netscape Nаvigator), (англ. Opera), (англ. Mozilla Firefox), (англ. Chrome), (англ. Safari) ва ғайраҳо буда метавонанд.
Аз байни ин мурургарҳo ду мурургари ба якдигар хеле рақиб – (англ. Internet Explorer) Internet Explorer – и ва ширкати (англ. Microsoft) ва (англ. Netscape Nаvigator) Netscape Nаvigator – и ширкати (англ. Netscape) машҳур мебошанд. Ҳар ду бо хизматҳои гуногуни (англ. Internet), аз ҷумла HTTP, FTP, барномаҳои мутолиаи иттилоот, почтаи электронӣ, протоколҳои нисбатан кӯҳна ба мисли Telnet ва Gopher мувофиќат менамоянд.

Барномаи мурургари (англ. Internet Explorer). Барномаи мурургари (англ. Microsoft Internet Explorer), ба маҷмуаи бастаи барномаҳои стандартии системаи амалиётии Windows 98 (ва болотар) шомил мебошад ва ќариб аз тамоми умури хадамотии шабакаи Интернет пуштибонӣ мекунад.
Барои он, ки бо воситаи браузер ба сервере, ки IP-суроға дорад, муроҷиат намоед, номи домении пурраи ин серверро ворид кардан лозим аст. Агар ба браузер IP-суроғаи ягон номи домениро муайян кардан лозим бошад, он ба сервери асосии (решавии) номҳо васл мегардад ва баъди оне, ки сервер ба ӯ суроғаро хабар медиҳад, пайвандшавӣ сурат мегирад.

Нигаред[вироиш]


Эзоҳ[вироиш]